Даҳшат: Мард бачадон дорад
Дар шаҳри хитоии Чжэсзян марди 44-солае бо номи Чэн умр ба сар мебарад, ки табибон дар ҷисми ӯ узвҳои занонаро пайдо намудаанд.
Ин марди булаҷаб ҳам узвҳои мардона дораду ҳам занона, вале дуҷинса будан ба зиндагиаш ягон вақт халал нарасонидааст. Чэн оиладор аст ва мегӯяд, ки ҳаёти маҳрамонааш хуб ҷараён дорад. Тавре ташхиси компютерӣ нишон додааст, мард ҳам бачадон дораду ҳам тухмдон, яъне аз нуқтаи назари генетика Чэн зан аст. Табибон дар ҳайратанд, ки чӣ гуна ин мард аз уҳдаи муносибати маҳрамона мебаромада бошад, зеро дар узвҳои ҷинсии ӯ норасоиҳо хеле зиёданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ