Даъват аз вакилони қирғиз: «Қонуни ВАО-ро тағйир надиҳед!»
Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Қирғизистон аз вакилони порлумони ин кишвар даъват доранд, тарҳи баҳсбарангези тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи ВАО»-ро рад намоянд.
Дар шаҳри Бишкек дирӯз мизи гирде бо иштироки намояндагони Жогорку Кенеш (порлумони Қирғизистон), воситаҳои ахбори омма, созмонҳои рӯзноманигорӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Қирғизистон баргузор шуд. Дар ин мизи гирд иловаҳо ба қонун «Дар бораи ВАО»-и ин кишвар баррасӣ гардид.
Иштирокдорони ҳамоиш бо қабули як қатънома ба вакилони порлумони кишварашон пешниҳод карданд, ки лоиҳаи мазкурро рад ва ҷиҳати иҷрои стратегияи миллии рушди Қирғизистон барои солҳои 2013-2017, ки ташаккули сиёсати давлатии иттилоотиро боаҳамият мехонад, тадбирҳо биандешанд.
Онҳо ба вакилони порлумони Қирғизистон тавсия додаанд, то қабули консепсияи сиёсати иттилоотӣ ба қонун дар бораи воситаҳои ахбори омма тағйирот ворид накунанд.
Дар ин қатънома ин чунин гуфта шудааст, ки вакилони порлумони Қирғизистонро зарур аст, барои баланд бардоштани огоҳии иттилоотии сокинон ва пуштибонӣ аз истеҳсоли босифати маводи иттилоотии миллӣ чора андешанд.
Ёдрас мешавем, бар пояи яке аз бандҳои тарҳи мазкур шаҳрвандон ва ширкатҳои хориҷӣ наметавонанд дар ин кишвар расонаи ахбори омма таъсис диҳанд ё соҳиби он бошанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ