Дабири кулли СҲШ аз Маркази дустӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон дидан намуд

24 майи соли 2022 Дабири кулли СҲШ — ҷаноби Ҷан Мин дар доираи сафари кории худ ба Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан аз фаъолияти Маркази дустӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст.

Дар Маркази дустӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон мулоқоти роҳбарияти Марказ бо Дабири кулли СҲШ сурат гирифт. Дар ибтидо дастовардҳои Марказ ба ҷаноби Ҷан Мин муаррифӣ гардида, сипас дурнамои фаъолият ва нақшаву ҳадафҳои гузошташуда муҳокима карда шудааст.

Директори Маркази дустӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода дар вохӯрӣ иброз намуд, ки дар баробари соҳибистиқлол гардидан Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои гуногуни сиёсати байналмилалӣ муваффақиятҳои назаррас ба даст овард. Аз ҷумла, дар таъсис додани яке аз созмонҳои бонуфузи минтақавӣ — Созмони Ҳамкории Шанхай ба ҳайси ташаббускор баромад намуд.

Зимнан, ҷаноби Ҷан Мин бо иштирокчиён ва ғолибони бозиҳои интерактивии “Модели СҲШ” — донишҷӯён ва магистрантони фаъоли Академия мулоқот доир намуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ба ғолибони 9 — умин бозии интерактивии “Модели СҲШ”, ки бо иштироки намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд, аз ҷониби Котиби Генералӣ Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Созмони Ҳамкории Шанхай яке аз созмонҳои бонуфузи минтақавӣ буда, бо мақсади тақвият бахшидан ба муносибатҳои илмиву фарҳангӣ ва ҳамсоягии нек миёни кишварҳои узви он, инчунин таъмини амният, субот ва мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва сепаратизм таъсис дода шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *