Дабири кулли СММ ба омодагӣ ба пандемияи навбатӣ даъват кард
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ) Антониу Гутерреш эълон дошт, ки пандемияи COVID-19 барои инсоният охирин нест ва бояд ба ояндаи он омода шуд. Ин иттилоъ дар саҳифаи Twitter-и ӯ нашр гардидааст.
“COVID-19 охирин пандемияе нахоҳад буд, ки инсоният бо он рӯ ба рӯ мешавад. Вақте ки мо бо ин буҳрон дар самти тандурустӣ мубориза мебарем, бояд ба буҳрони оянда ҳам омода шавем”,- навиштааст Гутерреш.
Ӯ аз Рӯзи байналмилалии омодагӣ зидди эпидемия, ки ҳамасола дар ҷаҳон 27-уми декабр қайд карда мешавад, ёдовар гардида, хостори таваҷҷуҳи зарурӣ ба масъалаи пандемияҳои эҳтимолӣ ва сармоягузориҳо шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ