Дабири собиқи НАТО: Ғарб бояд аз неруҳои зидди толибон ҳимоят кунад!

Дабири пешини НАТО мегӯяд, сарони ҳукуматҳои ғарбӣ бояд аз касоне, ки ҳоло алайҳи толибон дар Афғонистон меҷанганд, ҳимоят кунанд.

Расмуссен бо бознашри мақолае аз Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон гуфтааст, ки ин як мақолаи муҳим дар мавриди муборизаи ҷабҳаи муқовимат барои тарсими як ояндаи мутафовит барои Афғонистон аст.

Мақолаи Алӣ Майсам Назарӣ ахиран дар маҷаллаи “Форин полисӣ” нашр шуда буд.

Расмуссен ахиран дар саҳифаи твиттерии худ навиштааст: «Ҳукуматҳои ғарбӣ бояд ҳимояташанро аз касоне, ки дар баробари ҳокимияти ваҳшиёна ва саркӯбгари толибон истодагӣ мекунанд, афзоиш диҳанд».

«Ҷаҳон наметавонад Афғонистонро фаромӯш кунад»,- навиштааст ӯ.

Фог Расмуссен, дабири кулли пешини НАТО аз ҳукуматҳои ғарбӣ хост, то аз муқовимат ва касоне, ки дар баробари ҳокимияти толибон меҷанганд, пуштибонӣ кунанд.

Дар он мақола Назарӣ аз ҷомеаи байналмилал хоста буд, то аз истодагии ҷабҳаи муқовимат дар баробари толибон ҳимоят кунанд.

Назарӣ дар ин мақола навишт, ки ҷабҳаи муқовимат барои муқобила бо толибон ниёз ба ҳимояти ҷомеаи байналмилалӣ дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *