Дахлнопазирии вакилони порлумони Украина лағв шуд

Порлумони Украина 3 сентябр бо қабули як қонун вакилони худро аз ҳаққи дахлнопазирӣ маҳрум кард. Ин қонун аз 1 январи соли 2020 ба иҷро медарояд.

Лағви дахлнопазирии вакилони порлумон яке аз бандҳои асосии барномаи пешазинтихоботии президент Владимир Зеленский ва ҳизбаш — «Ходими мардум» буд. Тавре президенти Украина ваъда дода буд, қонуни нав иҷозат медиҳад, дар сурати гумонбар шудани вакилони порлумон ба фасодкорӣ зиддашон парвандаи ҷиноӣ боз шавад.

Лоиҳаи қонунро 373 вакил, ҳамаи намояндагони ҳизбҳои «Ходими мардум», «Садо», «Баткившина» ва «Ҳамраъйии аврупоӣ» ҷонибдорӣ карданд. Намояндагони ҳизби мухолифи русиягарои «Барои ҳаёт» дастаҷамъона аз раъйдиҳӣ худдорӣ намуданд.

Қонун бекор кардани бандеро дар Конститутсияи Украина пешбинӣ мекунад, ки барои вакилони порлумон «ҳаққи дахлнопазирӣ»-ро кафолат медод. Ҳамчунин меъёре, ки вакилон бидуни розигии порлумони Украина боздошт, ҳабс ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида намешаванд, аз Конститутсияи ин кишвар бардошта хоҳад шуд.

Зеленский, ки 3 сентябр дар порлумони Украина суханронӣ кард, гуфт, бархе аз вакилон то охирин лаҳза талош карданд, раъйдиҳиро ба ҳам зананд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *