Далер Ҷумъа: Дастовардҳои энергетикии мамлакат назаррас аст
22 декабр — Рӯзи кормандони соҳаи энергетика аст. Ба ин муносибат дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардида, фаъолон қадронӣ шуданд.
Дар ҷаласа Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа нақши кормандони соҳаи энергетикаро оид ба дастовардҳои энергетикии мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолӣ муҳим арзёбӣ намуд.
“Иштирокдорони ҷаласа иброз доштанд, ки дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат бахши энергетика яке аз соҳаҳои калидӣ ва афзалиятнок маҳсуб мешавад”,-иттилоъ доданд аз вазорат.
Дар фазои тантанавӣ ба 7 нафар медали соҳавии «Аълочии соҳаи энергетика», ба 6 нафар унвони «Энергетики хизматнишондодаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», ичунин ба як зумра кормандони соҳа “Ифтихорномаи фахрӣ”-и Шурои электроэнергетикии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва “Ифтихорнома”-и Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон тақдим гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ