Далер ҶУМЪА, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон

Зиндагинома. Далер Ҷумъа соли 1973 дар шаҳри Хоруғ таваллуд шудааст. Соли 1998 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси нерӯгоҳҳои барқӣ, соли 1999 Донишгоҳи давлатии Хоруғро бо ихтисоси иқтисодчӣ-муҳосиб, соли 2006 Донишгоҳи Королинаи Шимолии ИМА-ро бо ихтисоси идоракунии бизнес — лоиҳаҳо ва соли 2013 Донишгоҳи Ҳарварди ИМА-ро бо ихтисоси идоракунии бизнеси байналмилалӣ хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатӣ. Фаъолияти кориашро соли 1995 ҳамчун муҳандиси Институти илмӣ-тадқиқотии «Тоҷикгидроэнергопроект» оғоз намуда, минбаъд то соли 2006 дар мансабҳои сардори Раёсати логистикии Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон, сармутахассиси департаменти сафарбаркунии захираҳои Сардафтари Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Женеваи Швейтсария, машваратчии Бонки умумиҷаҳонӣ, роҳбари бахши маркетинги Барномаи рушди соҳибкорӣ USAID/PRAGMA, мутахассиси шуъбаи фурӯш ва таъминоти Созмони Милали Мутаҳид дар шаҳри Ню-Йорки ИМА фаъолият кардааст.

Солҳои 2006–2007 роҳбари ташкилоти Фокуси кумак дар Тоҷикистон, узви Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва солҳои 2007-2020 директори генералии ҶСШК «Помир Энерҷӣ» ва аз соли 2019 то 3-юми ноябри соли 2020 роҳбари минтақавии лоиҳаҳои энергетикии сандуқи рушди иқтисодии Оғохон дар Осиё буд.

Вакили маҷлиси вакилони халқи ВМКБ даъвати шашум (2020-2025) мебошад.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми ноябри соли 2020 вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *