Далери Эмомалӣ: «Театри «Нигоҳи Нав» ба продюсери ҳирфаӣ ниёз дорад»
Яке аз аъзои гуруҳи театрии «Нигоҳи нав» дар суҳбат ба хабарнигори «Tajikistan.times» гуфт, ки театри онҳо ба продюсери ҳирфаӣ ниёз дорад.
Далери Эмомалӣ яке аз аъзои гуруҳи театрии «Нигоҳи нав» мегӯяд: « Имрӯз театри мо ду мушкилии асосӣ дорад: Яке надоштани сарпараст ва дуюми набудани продюсери ҳирфаӣ. Бубинед, тайи ин 3 соле, ки мо театри худро ташкил намудем, дар байни қишри зиёии ҷомеа шинохта гардидем. Ҳар моҳ намоишномаҳои нав ба нав таҳия мекунем. Аммо бидуни ҳеҷ маблағе ва ҳеҷ сарпарасте».
Ӯ мегӯяд, шароити кории ин гуруҳ хеле бад аст. Зеро барои таъмини эҳтиёҷоти худ, мисли либосу деклоратсия нисфаи зиёди маоши кормандони театр сарф мешавад ва аъзоёни гуруҳ худ харҷи ин ҳамаро бар душ гирифтаанд.
Далери Эмомалӣ мегӯяд, ки аз ин ҳам масъалаи ҷиддитар, эҳтимоли бесарпаноҳ мондани мо дар миён аст: «Зеро биное, ки театр дар он ҷо намоишнома мегузаронад, иҷора аст ва то ҳафтаи дигар вақти супоридани иҷорапулӣ фаромерасад. Агар ҳафтаи дигар ягон сарпараст ҳаққи иҷорапулиро напардозад, мо бесарпараст мемонем» .
Далери Эмомалӣ ба суоли ин ки то ҳол наход ягон сарпараст пайдо нашуда бошад гуфт:
» Як соҳибкори пойтахт ҳаст, аммо намехоҳад, ки номашро ифшо намоем. Чун ба гуфти худаш ин корро танҳо барои хайр мекунад, на барои машҳур гардидан. Ташаккур ба роҳбарияти театри Падида, ки бо маблағи ками иҷорапулӣ бинои ҳозира ҷойдоштаи моро медиҳад».
Далери Эмомалӣ ба суоли ин ки продюсер мушкилоти онҳоро чи гуна ҳал мекунад, чунин посух дод:
«Имрӯз продюсер на танҳо ба театри бесарпарасти мо, балки ба кули театрҳои Тоҷикистон зарур аст. Маҳз продюсерҳо бояд имрӯз барои дубора эҳё намудани театри тоҷик талош намоянд. Аввалин кори кардаашон бояд ҷалби тамошобини «элита» ба театр бошад. Бадбахтона имрӯзҳо ангуштшумор намояндагони сатҳи элитаи кишвар ба театр мераванд. Он ҳам бошад барои васеъ намудани ҷаҳонбинии фарзандонашон нисбати фарҳангу адаб. Имрӯз вақте он расидааст, ки соҳибкорони муваффақ, бонкдорону раисони бозору мағозаҳо чипта харида, ба театр раванд, ҷаҳонбинияшонро нисбати ин санъати нодир васеъ намоянд, то аснои сафар ба хориҷ бо забони дароз гӯянд, ки мо точикон ҳам театр дорем ва чунин намоишномаҳои машҳуррро театрҳои мо доранд. Театри имрӯзи тоҷик беш аз ҳама ба кӯмаки молӣ ниёз дорад, мефаҳмед».
Ин узви фаъоли гуруҳи театрии «Нигоҳи нав» афзуд: « Бубинед, имрӯз бо шарофати кори шабонарӯзии продюсерони тоҷик дар байни омма мафҳуми «Шоу-бизнеси тоҷик» ба миён омад. Ҳарчанд, ки бештари сарояндагон шоу- бизнеси имрӯзи моро танҳо дар тӯй мебинанд. Аммо ба ҳар сурат онҳо тули 4-5 сол аст, ки дар мамолики дигар чун намояндаи шоу- бизнеси баромад мекунанд. Кам ҳам бошад, натиҷаи мусбӣ ҳаст-ку. Ана ҳамин хел продюсерони воқеан ҳам кор мекардагӣ имрӯзҳо барои мо заруранд. Ман аз кули продюсерони кишвар хоҳиш мекунам, ки кӯмаки хешро аз театри бесарпарасти мо- «Нигоҳи нав» дареғ надоранд. Чун онҳо имрӯз барои мо мисли обу ҳаво заруранд. Кӯмаки эшон, диди замонавияшон ва дастгирии таблиғотию иттилоотияшон бароямон даркор аст. Мо намоишномаҳои хубе дорем, ки мувофиқ ба диду зиндагии имрӯз аст. Танҳо продюсере лозим аст, ки инро ба гӯши мардум расонад».
Далери Эмомалӣ дар охир бо афсурдагӣ гуфт: « Айни замон маълум нест, ки баъди як ҳафта моро аз иҷора меронанд ё не. Аммо рости гап мо ба ин «ронда шудан»-ҳо аллакай одат кардаем. Тӯли 5 соле, ки мо фаолият дорем, корамон фақат ронда шудан асту дар кӯчаҳои Душанбе шабро рӯз кардан. Ҳолатҳое шудааст, ки аз бемакониӣ дар истгоҳҳо тамрин мекардем, аммо метарсам, ки ин оворагардӣ замоне бачаҳоро дилсард мекунаду як ба як театрро тарк мегӯянд ва «Нигоҳи нав» аз байн меравад»
Суҳбати Фарангиси Фармон
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ