Далла ба даст афтод

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 35-солаи сокини шаҳри Бӯстон ҳамчун гумонбар дар ташкил, нигаҳдошти фоҳишахона ва ё даллагӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, рӯзи 24-уми декабри соли 2018, тахминан соати 17:50-дақиқа, дар ҳудуди маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд, барои алоқаи ҷинсӣ намудан зани 24-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров ва марди 39-солаи сокини шаҳри Хуҷандро бо ҳам шинос карда, аз онҳо 400-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *