Дамирбек ОЛИМОВ, сарояндаи тоҷик
Зиндагинома. Дамирбек Олимов 20-уми марти соли 1989 дар деҳаи Ғазантараки ноҳияи Ғончӣ ба дунё омадааст. Падараш Ботур Олимов низ сароянда аст. Санаи 5-уми феврали соли 2022 дар як садамаи нақлиётӣ аз олам даргузашт. Соҳиби се фарзанд: Иззатмоҳ, Олимҷон, Хурамшоҳ буд.
Фаъолияти эҷодӣ. Дамирбек санъатро аввал дар назди падар омӯхта, дар мактаби Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов ба камол расид. Ҳамовозиаш бо Нигина Амонқулова нахуст ба ӯ шуҳрат овард. Баъдан роҳаш боз гардид ва маҳбуб шуд.
Дамирбек Олимов, ки соли 2011 аввал бо таронаи «Зулфони майда дорӣ» ба мухлисонаш муаррифӣ гардид ва дертар бо таронаи «Дунё» машҳур шуд, аз соли 2004 ба омӯзиши касбӣ дар коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз шуруъ кардааст. Парвози ҳунарии ӯ ҳамчун навозанда ҳамроҳи Ҷӯрабек Муродов дар озмуни байналмилалии “Шарқ Тароналарӣ” ибтидо гирифта, аз он баъд қариб ҳамасола овозхони сол гардида ва даҳҳо ҷоизаҳои муътабари минтақаро соҳиб мегашт. Ахиран ҷоизаи «Тарона», тарҳи мусиқии «Азия-Плюс»-ро соҳиб шуд.
Сурудҳо. Сурудҳои “Мавригӣ”-аш бо Нигина Амонқулова ӯро то мамолики Амрикову Араб бурд. То ин дам ду албоми сурудҳояшро бо номи “Масти тарона” ва “Дунё” ба ҳаводорони мусиқиаш пешкаш карда ва албоми сеюмашро бояд ин баҳор муаррифӣ мекард, ки марг ӯро то ба он лаҳза нарасонд. Сурудҳои машҳури ў: “Ман бошаму ту бошӣ” (шеъри устод Лоиқ), “Дунё” (шеъри Озарахш), “Наомадӣ” (якҷо бо Афзалшоҳи Шодӣ, ғазали Туғрал), “Зебои самарқандӣ” (шеъри Озарахш), “Омадӣ” (шеъри Орзу Исо), “Бачагиям” (шеъри Озарахш), “Ношинос” (шеъри Эҳсони Аъзамиён) сурудҳои дар ҳавои мавригӣ иҷрокардааш: “Ранҷидаӣ” (бо Нигина) ва ғайра.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ