Данғара дар озмуни вилоятӣ мақоми аввалро гирифт

Ноҳияи Данғара дар озмуни вилоятии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳаллаи аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ дар соли 2024» пирӯз шуд. Дар номинатсияи «Ноҳияи беҳтарин» ҷойи якумро Данғара, ҷойи дуюмро  Ёвон ва ҷойи сеюмро  Кӯшониён ба даст оварданд.

Кӯлоб бошад, беҳтарин шаҳр дар вилояти Хатлон дониста шудааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон, 13 январ озмуни мазкур ҷамъбаст гардид. Ғолибони ҷойи якум бо 10 000 сомонӣ, ҷойи дуюм бо 6 000 сомонӣ,  ҷойи сеюм бо 3 000 сомонӣ мукофотпулӣ ва Диплому Ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд.

“Ҳадафи озмуни вилоятӣ аз сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ободонӣ ва самаранок истифода бурдани замин, вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, ҷалби сармояи соҳибкорони ватанӣ, мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташвиқу тарғиб ва дастрас намудани таҷрибаи пешқадам, гиромидошти арзишҳои ваҳдати миллӣ, таҳкими соҳибистиқлолӣ, тарғиб ва оммавигардонии суннатҳои беҳтарини миллӣ иборат буд”, иттилоъ дод манбаъ.

Инчунин дар номинатсияи «Шаҳраки беҳтарин» ҷойи якумро Ҷамоати шаҳраки Мунки ноҳияи Ховалинг, дар номинатсияи «Ҷамоати деҳоти беҳтарин» ҷойи якумро  Ҷамоати деҳоти Хоҷамуъмини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, дар номинатсияи «Маҳаллаи беҳтарин» ҷойи якумро маҳаллаи Хатлони шаҳри Бохтар, дар номинатсияи «Деҳаи беҳтарин» ҷойи якумро деҳаи Балҷувони Ҷамоати деҳоти Балҷувони ноҳияи Балҷувон ва дар номинатсияи «Беҳтарин хонаи истиқоматӣ» ҷойи якумро хонаи сокини Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён Хушвахттош Заиралиев соҳиб гардиданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *