Данғара: Оилаи ниёзманд соҳиби хона мешавад
Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Миҷгона Нурова бо манзили иҷора таъмин карда шуд. Дар назар аст, ки бо гарм шудани ҳаво ба ин оила замин ҷудо мекунанд ва хона бунёд мекунанд.
Миҷгона Нурова бо ду фарзанд дар зимистони сард дар вагон ва шароити бад зиндагӣ мекарданд. Оилаи ниёзманд бо маводи ғизоӣ ва сарулибос таъмин шуданд.
Бо сипарӣ шудани фасли зимистон ва мусоид гардидани ҳаво масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара қиъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда, барои ин оила хонаи истоқоматӣ бунёд мекунанд.
Бояд гуфт, ки дар бораи шароити зиндагии сангини ин оила чанд рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуда буд.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ