Данғара: Шавҳар зани худро 34 корд зада кушт
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини ноҳияи Данғара бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Дар ин бора сомонаи расмии ВКД кишвар хабар медиҳад. Бино ба иттилои манбаъ гумонбаршаванда, бо сабабҳои рашки оилавӣ ба хонаи ҳамсараш, зани 36-солаи сокини ноҳияи мазкур рафта, дасту пойҳояшро баста бо корди ошхонагӣ 34 маротиба ба узвҳои махсусан муҳими баданаш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯйи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот ҳола идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ