Дана Уайт афсӯс мехӯрад

Президенти ташкилоти UFC Дана Уайт дар як суҳбати ихтисосӣ гуфт, ки аз чӣ, аз рафтани кадом варзишгар афсӯс мехӯрад.

Аз Дана Уайт пурсиданд, ки аз қатъи корномаи кадом варзишгари ташкилоташ ғамгин шудаву афсӯс мехӯрад. Ӯ дар ҷавоб гуфт, ки аз рафтани Ҳабиб Нурмагомедов.

— Асосан, вақте ки варзишгарон ҳама чизи мехостаашонро аз варзиш, хусусан аз ташкилот ба даст меоранд ва корномаашонро хотима медиҳанд, ман хурсанд мешавам, вале аз тарки варзиш кардани Ҳабиб Нурмагомедов ман хеле ғамгин шуда будам. Ӯ метавонист барои варзиш, барои мухлисонаш ва барои UFC корҳои бузург кунад, вале пас аз марги падараш шавқаш тамом шуд.

Ёдовар мешавем, ки Ҳабиб Нурмагомедов собиқ чемпиони UFC дар вазни сабук аст, ки охирин муҳорибаи худро соли 2020 зидди Ҷастин Гейҷи гузаронида, дар он зиёда аз 15 миллион доллар ба даст оварда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *