Дандони гӯштхӯриамро канам?

Мегӯянд, ки саршумори чорво дар Тоҷикистон аз талабот бештар аст. Аммо аҷиб ин аст, ки нархи гӯшт дар бозорҳо ба осмон дакка мехӯраду маъмурияти бозорҳо дар пешгирии он оҷизанд.

Назорат нест!

Давоми ду моҳ аст, ки нархи гӯшт дар Тоҷикистон майли болоравӣ дорад. Ҳоло 1 кг гӯшти камустухон 90 -100 сомонӣ, беустухон  120-130 сомонӣ аст. Ин дар ҳолест, ки қаблан, тақрибан 3 моҳ пеш 1 кг гӯшт 70-75 сомонӣ арзиш дошт. Харидорон бошанд, шиква доранд, ки дар дӯконҳои гӯштфурӯшӣ нархи пешниҳодшуда риоя намегардад.

“Чанд рӯз пеш ба бозори “Саховат” рафтам. Фурӯшанда 1 кило гӯштро 75 сомонӣ гуфт. Гуфтам, ки 3 кило баркаш. Дидам, ки болои тарозу гӯшти бесифат ва равғани зиёдро якҷоя кард. Нагирифтам. Ноилоҷ 1 кило гӯштро 90 сомонӣ харидам”,- гуфт Соҳибназар.

Дар дигар ҷойҳо низ чунин муносибат мушоҳида мешавад. Гӯштфурӯшҳо гӯё муштариёни худро мешинохта бошанд, ки ба онҳо гӯшти хуб ва бо нархи қиммат медиҳанд. Аммо ба шахсоне, ки намешиносанд ё бори аввал гӯшт мегиранд, бо нархи тасдиқнамудаи бозор ва омехтаи устухону чарбу пешниҳод мекунанд. Яъне, инҷо адолат байни фурӯшандаву харидор дида намешавад!

Аммо фурӯшандаҳо иддао мекунанд, ки сабаби асосии болоравии нархи гӯшт гарон шудани чорво дар бозор аст. Хӯроки чорво ҳам гарон шудааст. Масалан, як кило кунҷора 5 сомонӣ, комбикорм 4 сомонӣ, сабӯс 3 сомонӣ, коҳ 20 сомонӣ, силос ва юнучқа 25 ва 1 кило хӯроки омехтаи чорво на камтар аз 4 сомонӣ аст. Бар замми ин, хароҷоти иловагӣ, витамину минералҳо, муоинаи байторӣ ва нигоҳубини ҳаррӯзаи чорво ҳам ҳаст.

Харидорон чӣ мегӯянд?

Ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ масъалаи болоравии нархи гӯшт баҳсҳои тезутундро ба миён овардааст. Корбарон изҳори норозигӣ доранд, ки дар бозорҳо назорат нест. Ба фикри онҳо, гароншавии гӯшт ба болоравии 40 фоизи маошҳо дар моҳи июл ҳам вобаста аст. Зеро дар мо гӯё анъана шудааст, ки дар баробари зиёд шудани маош, нарх дар бозор ҳам боло меравад. Ақидаҳои дигар низ ҷой доранд. Мақомоти масъул дар назорат ва танзими нархи бозор саҳлангорӣ мекунанд. Ба назари мардум, дар бозор ва супермаркетҳо нархҳои таваккалӣ барои гӯшт гузошта шуда, касе онҳоро назорат намекунад.

Чарогоҳҳо каму чорво зиёд

Айни замон 40 фоизи чарогоҳҳои ҷумҳурӣ бо сабаби истифодаи нодуруст дар ҳолати нобудшавӣ қарор доштаанд. Ин чарогоҳҳо дар наздикии деҳаҳо ҷойгир буда, аз ҷониби сокинони маҳаллӣ истифода мешаванд. Дар ин бора Сафаралӣ Назаров, роҳбари МД «Трести чарогоҳу мелиоративӣ» дар нишасти матбуотии Вазорати кишоварзӣ хабар дод.

Ба ақидаи коршиносон, омили асосии бадшавии ҳолати табиии чарогоҳҳо аз ҳад зиёд будани саршумори чорво мебошад, ки ин боиси поймол шудани растаниву гиёҳҳои чарогоҳӣ шудааст.

То 1-уми июли соли 2024 саршумори чорвои калони шохдор дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо ба 2 миллиону 705,7 ҳазор сар расид, ки 100,1 ҳазор сар ё 3,8% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Дар ҳамин давра, саршумори гӯсфанду бузҳо 7 миллиону 089,7 ҳазор сарро ташкил дод, ки ин ҳам 478,6 ҳазор сар ё 7,3% зиёд шудааст.

Ҳамин тариқ, саршумори умумии чорво дар ҷумҳурӣ аз имкониятҳои ҳамаи чарогоҳҳо бештар мебошад.

Дар натиҷаи норасоии растаниву гиёҳҳои чарогоҳӣ дар фасли зимистон аз 10-15 то 25 фоиз вазни зиндаи чорвои майда талаф меёбад. Коршиносон мегӯянд, ки агар ҳолати чарогоҳҳо беҳтар ва ҳосилнокии онҳо зиёд карда шавад, меъёри парвариши чорво метавонад 2-3 маротиба зиёд шавад.

Аз афзоиши талабот то пешниҳод

Масъулин сабаби гарон шудани нархи гӯшт дар бозорҳои кишварро ба зиёд шудани талаботи аҳолӣ рабт медиҳанд. Машокир Назарзода, муовини вазири кишоварзӣ дар ин робита изҳор намуд, ки сол ба сол теъдоди аҳолӣ зиёд мешавад ва талаботи аҳолӣ ба гӯшт афзоиш меёбад.

Назарзода гуфт, ки тибқи сабади истеъмолӣ ба ҳар як шаҳрванди кишвар дар як сол 18 кг гӯшти мурғ рост меояд, вале дар кишвар ҳоло 5,5 кг гӯшти мурғ истеҳсол мегардад. Ӯ илова намуд, ки имрӯз дар шаҳрҳои кишвар бештар гӯшт истеъмол мешавад, зеро сокинон дастикам ду маротиба дар ошхонаҳо таом мехӯранд, ки бегӯшт нест. Ғайр аз ин, номбурда сабаби дигари афзоиш ёфтани талаботи сокинон ба гӯштро ба баргузории тӯю маъракаҳо иртибот дод.

“Мо 99,9 дарсад аҳолиро бо гӯшт таъмин мекунем, вале сабаби поён наомадани нархи он зиёд шудани талаботи аҳолӣ ва воридоти хӯроки чорво аз хориҷа аст”,- изҳор медоранд масъулини Вазорати кишоварзӣ.

Дар зарфи 7 моҳи соли равон дар Тоҷикистон зиёда аз 127 ҳазор (бо вазни зинда) гӯшти гову гӯсфанд истеҳсол шудааст, ки 14,6% зиёдтар нисбат ба нимсолаи аввали соли 2023 буда, 88%-и он ба ҳиссаи аҳолӣ рост меояд. Дар ин давра 19 ҳазор тонна гӯшти паранда бо вазни зинда истеҳсол шудааст, ки 19,4% кам мебошад. Аз ин миқдор 87% ба ҳиссаи корхонаҳои парандапарварӣ рост меояд.

Воридоти гӯшт аз хориҷа сол то сол кам мешавад — аз 10,7 ҳазор тонна дар соли 2014 то 2,8 ҳазор тонна дар соли 2023. Қаблан ба ҷумҳурӣ ҳамасола то 160 ҳазор тонна гӯшт ворид карда мешуд.

Акнун бо ин ҳама мушкилоту болоравии мунтазами нархи гӯшт саволе ба миён меояд, ки чӣ бояд кард? Соҳибназарон ақида доранд, ки барои ба танзим даровардани нархи гӯшт дар бозорҳо амалӣ кардани чораҳои зерин ба манфиат аст:

Якум, дар бозор мағозаи давлатии фурӯши гӯшт бояд вуҷуд дошта бошад.

Дуюм, хоҷагиҳои чорводор дӯконҳои фурӯши гӯшт кушоянд.

Сеюм, нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти хоҷагиҳои деҳқонӣ мисли картошка, пиёзу сабзӣ ва ғайра мавҷуданд, пас, чаро дӯкони гӯштфурӯшӣ надоранд?

Чорум, назорат аз болои савдогарон ва маъмурияти бозорҳо низ пурзӯр карда шавад. Дар сурати вайрон кардани талаботи нарх, онҳо ҳам ҷавобгар бошанд.

Панҷум, дар дӯконҳои фурӯши гӯшт камераҳои назоратӣ насб карда ва назорат ҷиддӣ ба роҳ монда шавад, то минбаъд фурӯшандаҳо харидоронро гӯл назананд.

Усмон РАҲИМЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *