Дарҳои мӯҳрзада, мардум дар ҳарос… Дар Конибодом чӣ мегузарад? (аксҳо)

Раиси шаҳри Конибодом баъди ҳодисаи мудҳиши куштор бо сокинони деҳаи Ҳисорак вохӯрд. Аммо дар вохӯрии ӯ журналистон роҳ наёфтанд.  Чаро?

Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба деҳаи Ҳисорак, маҳале, ки шаби 15-уми декабр 4 нафар узви 2 хонавода кушта шуданд, рафта, бо сокинон вохӯрӣ анҷом дод. Аммо, раиси шаҳр бо сокинон дар чӣ хусус суҳбат кард, маълум нест ва расонаӣ ҳам нашудааст.

Хабарнигори Pressa.tj барои инъикоси ин қазия ба макони ҳодиса рафт, дарҳои манзили кушташудагонро муҳрзада дарёфт. Масъулин аз додани ҳар навъ маълумот ба намояндагони расонаҳои хабарӣ худдорӣ мекунанд. Ҳатто ба журналистон иҷозат надоданд, ки дар вохӯрии раиси шаҳр бо сокинон ширкат кунанд.

Аз ҷумла, як нафар сокинони маҳаллӣ, ки дар мулоқоти раис ширкат доштааст, ҳозир нашуд, ки аз вохӯрӣ маълумоте диҳад. Танҳо гуфт, ки масъулин аксу наворбардорӣ аз рафти мулоқотро манъ карданд.

17-уми декабр ҳангоми сафари хабарнигори Pressa.tj ба деҳаи Ҳисораки шаҳри Конибодом мушоҳида шуд, ки мардум тарсзада ҳастанд. Чанде аз сокинон низ дар суҳбати бидуни сабт гуфтанд, ки баъди суҳбат бо журналистон ҳарос доранд, чунки зери фишори мақомот қарор мегиранд.

 Бинобар ин, сокинони шаҳр ва ягон нафар аз ҳамсоягони кушташудаҳо ҳозир нашуданд, ки суҳбат кунанд. Мегӯянд, мақомот онҳоро барои додани маълумот ё хабаре ба намояндагони ВАО огоҳӣ додаанд.

Ёдовар мешавем, ки шаби 15-уми декабри соли равон дар деҳаи Ҳисорак (Қурғончаи собиқ)-и шаҳри Конибодом ҷасади 4 нафар, ки аъзои ду оила будаанд, дарёфт гардид. Миёни қурбониён зану шавҳар Ғайбулло Маҷидови 35-сола ва Зарнигори 28-сола, инчунин модару писар, Ойиша Шокироваи 70-сола ва Ҷавлон Шокирови 44-сола ҳастанд.

Гуфта мешавад, ки фарзандони зану шавҳари кушташуда, ки се нафар мебошанд, зинда мондаанд ва шаби ҳодиса ба онҳо осеб нарасидааст. 

Дар як ҳафтаи охир ин дуввумин ҳодисаи куштори гуруҳӣ дар  шаҳри Конибодом мебошад.

Мақомоти дахлдор то то ҳол сабаби ин куштори оилавиро шарҳ надодаанд.  Дарвозаи кушташудагон низ мӯҳр зада шудааст.

Фарзона Шамсиева

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *