Дар қабули Президент, аз эътирофи Осимӣ то суҳбат бо Латифӣ

Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ корафтода шудам. Аз роҳрав мегузаштам, ки бинам, дари утоқи собиқ ректори донишгоҳ Анвар Абдурасулов кушода аст. Ногоҳ назари устод ба ман афтод:

— Биё журналист! Чӣ ҳол дорӣ?

— Хуб,- гуфтаму паҳлу гузашта, нишастам.

— Ман рӯзномаи “Тоҷикистон”-ро ҳамеша мехонам. Нисбат ба сармуҳаррир низ баъд аз як вохӯрӣ, ки соли 2012 ба идораи рӯзнома даъват кардед, эҳтиром дорам, — гуфт номбурда.

Соли 2012, идораи нашрияи «Тоҷикистон»

Бо устод Анвар Абдурасулов доир ба масъалаҳои сифати таълиму омода намудани мутахассисон дар соҳаҳои техникӣ суҳбати тӯлонӣ доштем. Аз устод хоҳиш  намудам, ки соҳибтаҷриба ҳастед, чанд сол ректори донишгоҳ будед, хуб мешуд, агар хотира ё мушоҳидаҳои ҷолибатонро тавассути рӯзномаи “Тоҷикистон” ба хонандагон пешниҳод намоед.  Аз чӣ гуна таъин шудан ба вазифаи ректори донишгоҳ, ҳамкорӣ бо академик Муҳаммад Осимӣ, дидор  бо Отахон Латифӣ то  вазъи омӯзиши фанҳои дақиқ меҳвари суҳбат бо  устод Анвар Абдурасулов қарор дошт.

Дар қабули Президент

-Аслан, дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  собиқадору соҳибтаҷриба набудам. Дар  Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умаров ва факултети физикаи ДМТ кор мекардам. Барои таъмини рӯзгор дар даҳҳо донишгоҳу донишкада, техникуму омӯзишгоҳҳои касбӣ, мактабҳои шабонаю рӯзонаи ҷумҳурӣ, ба сифати ҳамкор низ кор карда будам. Аммо  дар Донишгоҳи техникӣ ягон соат ҳам дарс надода будам ва ба ин муассисаи олӣ  ба кор омадан дар гӯшаи хотирам ҳам набуд.

Рӯзе аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон занг заданд. Баъди гуфтугӯ таъкид намуданд, ки расо соати 2 онҷо шавам. Рости гап, ягон маротиба дар Дастгоҳи иҷроияи Президент набудам. Намедонистам, ки чӣ гуна ба онҷо ворид шавам. Вақте ки ба Дастгоҳ омадам, иҷозатномаи ворид шуданро надоштам. Хеле дар хиҷолат мондам. Ҳайдар Одинаевро, ки он замон сардори раёсати илм ва маориф дар Дастгоҳ буд, мешинохтам. Баъди гирифтани иҷозатнома, ӯ маро ба утоқи Абдуҷаббор Азизов, ки он замон Ёрдамчии Президент оид ба масоили кадр буд, роҳнамоӣ кард.  Чандин нафари дигар, аз ҷумла, Саидмуҳаммад Одинаев, Кароматулло Олимов, Абдуҷаббор Раҳмонов, Хайринисо Мавлонова ва чанд нафари дигар дар он ҳузур доштанд. Як рӯз пеш маҷлиси Ҳукумат гузашта, чанд масъалаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баррасӣ гардида, ректори он зери интиқод қарор гирифтааст. Баъдан, тасмими барканории Ҳайдар Сафиев аз вазифаи  ректори  донишгоҳ сурат мегирад.

Абдуҷаббор Азизов як китоби ёддошт ва ручкаеро ба дастам доду таъкид кард:

— Назди Президент медароем.

Ҳайрон шудам. Чӣ гуфтанро надонистам. Бо олими шинохта Кароматулло Олимов, вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов ва чанд нафари дигар ҳамроҳ дар кабинети алоҳида нишаста будем.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даромад. Аз ҷой бархостем, баъди салому алейк, пурсупос аввал бо Саидмуҳаммад Одинаев суҳбат сурат гирифт.  Ҳарчанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кадом вохӯрӣ ё маҷлисе баромада буд, вале хеле самимӣ ва оромона ҳарф мезад.

— Дирӯз дар маҷлис масъалаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баромад. Масъала хеле баҳсталаб аст. Хостем, ки ректори донишгоҳро иваз кунем,- гуфт Сарвари давлат ва ба Одинаев рӯ оварда, афзуд:

— Шуморо ба онҷо мегузаронем.

Ва супориш шуд, ки ректори навро дар назди ҳайати раёсат ва  устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  муаррифӣ кунанд.

Навбат ба ман расид. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли толор рӯ оварда, пурсид, ки “ин касро мешиносед?”.

-“Бале”,- дар ҷавоб гуфтанд.

 Маълум буд, ки аллакай дар бораи ман ба Президент маълумот пешниҳод шудааст.

 Гуфт: “Софдилона кор кунед, кор пеш меравад”. Баъдан, супориш шуд, ки маро ҳам ба ҳайати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба сифати ректор муаррифӣ кунанд. Ин моҳи декабри соли 2005 буд.  Вақте ба ин даргоҳи олӣ роҳбар шуда омадам, 58 сол доштам.  Баъд аз ин тақдир ва кору фаъолияти ман бо Донишгоҳи техникӣ пайванд шуд. Ягон лаҳза ҳам дастури Ҷаноби  Олӣ ва муносибати оддию хайрхоҳонаи шахсиятҳои шинохтаи ҷумҳуриро, ки рӯзи аввал маро дасгирӣ намуда буданд, фаромӯш накардаам. То ҷое, ки тавонистам, барои амалӣ намуданашон аз сидқи дил талош намудам.  

Баъд аз баромадан ба синни нафақа боз чандин сол кор кардам. Чанд бор аз вазири маориф хоҳиш кардам, ки пешниҳод намояд, то ба ҷойи ман ягон кадри ҷавонтар биёяд. Розӣ нашуд. Гуфт: “Ин интихоби Президент аст”.

-Дар маҷмӯъ, 8 сол ректори донишгоҳ будам. Мушкилоти ҷиддӣ надоштем,- қисса кард Анвар Абдурасулов.

Изҳор дошт, ки то ҳол миннатдории худро ба кормандони донишгоҳ изҳор менамоям, ки мани берунаю ношиносро дастгирӣ намуданд ва маҳз бо кӯшишу дастгирии онҳо ба баъзе дастовардҳо ноил ҳам шудем.

“Албатта, душвориҳои корию хизматӣ буданд, аммо мушкилиҳои ҷиддӣ дар  муносибату ҳамдигарфаҳмӣ надоштем. Агар умр вафо кунад, боқимондаашро ҳам дар ҳамин ҷо барои пешрафти  донишгоҳ сарф менамоям”- иброз дошт устод Абдурасулов.

Паразит ва чанд бохти имтиҳони тестӣ

Анвар Абдурасулов гузаштан аз низоми анъанавӣ ба низоми кредитии таълимро ба ёд оварда, мегӯяд:

— Аслан, аз аввал ҷонибдори гузаштан ба низоми кредитӣ мебошам. Фикр мекардам, ки ҳар чӣ тезтар ба низоми ҷаҳонии таҳсилот гузарем, бурд мекунем. Агар нагузарем, дар интиқолу таҳсил ва ба кор қабул шудани хатмкардагон мушкилиҳо пайдо мешавад. Аммо бе замина ягон низом амал карда наметавонад. Ба фикри ман, бартарии ин ё он низом ё усули корро муносибат бо он ва тарзи истифодааш муайян мекунад. Дар ҳамин маврид як мисолро бароятон мегӯям. Солҳои ҳафтодум дар Институти зилзиласанҷӣ ва сохтмонҳои ба зилзила тобовари Академияи фанҳо дар мавзӯи “Сохтмонҳои ба заминҷунбӣ тобовар” форуми байналмилалӣ баргузор шуда буд. Аз олими маърӯзакунанда пурсиданд, ки “кадоме аз се шакли сохтмони биноҳо — аз бетони яклухт, аз тахтабетонҳо ва аз хишти пухта сохташуда ба заминҷунбӣ тобовартар аст?”. Олим чунин ҷавоб дод:

 “ Ҳамоне, ки бо риояи лоиҳа ва технология софдилона сохта шуда бошад”. Яъне, низоми кредитӣ ҳам, агар бо риояи талаботҳояш истифода карда шавад, натиҷаҳои хуб дода метавонад. Таҷрибаи кишварҳои Аврупо аллакай самаранокии онро нишон додаанд.  Азбаски низоми кредитии таҳсилот барои мо нав аст, мушкилот дар истифодаи дурусту риояи талаботҳояш ба миён омадааст.

Аз нигоҳи ман шакли имтиҳони тестӣ  ба болоравии сатҳи дониши донишҷӯён ва қабули босифати дохилшавандагон мусоидат накард. Тибқи маводҳои дастрас, қариб ҳамаи тарафҳои иштироккунандаи чунин шакли санҷишу имтиҳонҳо – донишҷӯён, омӯзгорон ва волидон изҳори нигаронӣ доранд. Мегӯянд, ки дар он донишҷӯёни фаъолу донишманд баҳои пасту донишҷӯёни камдонишу дарсгурез баҳои баландтар мегиранд. Падару модарон мегӯянд, ки шумораи рейтингу санҷишҳо зиёд шуда, хароҷотҳо афзудааст. Омӯзгорон, ки  аз  нуқтаи назари ин ду тараф гӯё аз бештар будани санҷишҳо манфиатдоранд, норозигӣ баён менамоянд, ки  сатҳи дониши донишҷӯён паст, назорату баҳодиҳии дониши онҳо душвор шудааст, донишҷӯёни дар дарсҳо набуда ҳам бе иштироки муаллим баҳо мегиранд.

Чунин гуногуншаклии ақидаҳо нисбат ба ҳамон як ҳодиса дар ҷомеа бисёр вомехӯрад. Ду сол пеш дар барномаи шабакаи телевизионии “РЕН ТВ”, баромади як олим,  ки омилҳои рушди устувори манзумаҳои иқтисодию иҷтимоии гуногунро дар муқоиса бо дигар манзумаҳо таҳлил менамуд, ба худаш ҷалб кард. Ин олим дар бораи манзумаи биологии “Хӯҷаин  ва ҳашарот” (“Хозяин и паразит”) сухан ронда, қайд намуд, дар ягон манзума (система) — и ҳамзистии организмҳои зинда манфиатнокии бошандагонашон барои солим нигоҳ доштани макони зисташон (“Хӯҷаин”), чун дар манзумаи “Хӯҷаин ва ҳашарот” (“Паразит и хозяин”) муҳиму ҳалкунанда намебошад.

Тибқи маълумоти биологӣ – назарияи Дарвин, дар ҳама гуна организми мураккабтар — “Хӯҷаин”, миқдори зиёди организмҳои соддаю хурдтар – “Ҳашаротҳо”-и барои организм фоиданоку зарарнок зиндагӣ мекунанд. Чунки аксарияти онҳо имконияти ба дигар манзума гузаштанро надоранд. Бо харобшавию нестшавии “Хӯҷаин” худи онҳо ҳам нест мешаванд. Ба вуҷуди ин, дар баъзе мавридҳо, дар натиҷаи кӯшиши ҳар намуд барои беҳдошти шароити зиндагии худаш, мувозинати фаъолияти ҳашароти фоиданоку зарарнок вайрон шуда, муҳити зист-”Хӯҷаин” нест мешавад ва ҳамчун мисол дар байни дарахтони якхелаи сабзи ҷангал як дарахт хушкшудаи нишон ҳаёт надоштаро нишон доданд.

 Донишгоҳ ҳам як организми бузург мебошад. Ҳамаи тарафҳои иштироккунанда, яъне донишҷӯён, омӯзгорон, волидайн  барои устуворию пешрафти он манфиатдоранд. Пас ба ҷойи мухолифату якдигарайбдоркунӣ, роҳҳои самти ягона гирифтани фаъолияти якҷояро ҷуста, барои беҳтар намудани самаранокии фаъолияти он кӯшиш намудан лозим аст. Ҳар як ҷузъи ин манзума агар дар ҷойи худаш, мувофиқи имконияташ барои пешрафту мустаҳкамшавии муҳити фаъолияташ, дар мисоли донишгоҳ талош намояд, манфиати ҳамаи тарафҳо (омӯзгорон, донишҷӯён, волидайн ва дигарон) афзунтар мешавад. 

Анвар Абдурасулов собиқ ректори ДТТ ба номи академик М.Осимӣ, апрели 2022

Хориҷи донишҷӯён

 Ба ақидаи он, ки хориҷи донишҷӯён яке аз омилҳои асосии беҳтаршавии сифати таълим мебошад, чандон розӣ нестам. Соли 2009  мо зиёда аз 2380 нафар донишҷӯёро хориҷ карда будем. Наметавон гуфт, ки он сол сатҳи дониши донишҷӯён аз солҳои дигар, ки шумораи хориҷшудагон камтар буд, баландтар шуда буд. Дар низоми кредитӣ дар баъзе кишварҳо  хориҷи донишҷӯён пешбинӣ нашудааст, фақат муҳлати таҳсил маҳдуд нест. Дар ҷумҳурии мо донишҷӯён бо сабаби дарсшиканӣ, қарзи молиявӣ, қарзи академӣ, хориҷ карда мешаванд. Аммо мӯҳлати таҳсил маҳдуд аст. Ғайр аз ин, хориҷ намудани донишҷӯён дар шароити бозаргонӣ, оқибати молиявӣ ҳам дорад ва ба фаъолияти устувори донишгоҳ таъсир мерасонад. 

 Шахсан худам ҳамчун омӯзгор тайи зиёда аз 30 соли охир, ҳангоми сӯҳбат бо ҳамкорон, вақте ки сухан дар бораи паст будани сатҳи дониши донишҷӯён равад, мегӯям, ки ба мо донишҷӯёни донишманд аз дигар сайёра намеояд. Ҳамин будагиҳоро аз сидқ таълим додан даркор,  аз онҳо мутахассис тайёр кардан даркор, онҳо ҳама фарзандони мардуми мо мебошанд.

Омӯзгори хуб дар ҳар шароиту имконият барои таълиму тарбияи мутахассисон мекӯшад ва роҳи дурусти фаъолияташро ёфта нисбати дигарон саҳми бештаре мегузорад. Ман дар давраи фаъолиятам дар донишгоҳ, зиёда аз 30 нафар устодонеро мушоҳида намудам, ки корашонро бо эътиқод ва софдилона иҷро менамуданд. Ба ҳеҷ ваҷҳ, ба ғайр аз донистани барномаи таълимӣ ба донишҷӯён баҳогузорӣ намекарданд. Як нафаре аз чунин устодон, ҳангоми нисбаташон барои бо мушкилӣ ба донишҷӯён баҳо гузоштан эрод гирифтан, гуфта буд, ки донишҷӯйи сустхон агар 5 маротиба имтиҳон супорад, аз таҳсили нимсолааш дида зиёдтар дониш мегирад. Яъне, ин устод вақташро дареғ надошта, барои дониш гирифтани донишҷӯйи сустхон омода буд, ки 5 маротиба зиёдтар вақт сарф кунад. Вохӯрию суҳбат бо хатмкардагон, ҳатто дар хориҷи кишвар, нишон дод, ки онҳо асосан аз чунин омӯзгорон миннатдоранд. Аз онҳо пурсон шуда, ёдовар мешаванд, ки устоди сахтгиру ҳақталаб буд ва барои дониш гирифтани мо саҳми калон гузошт. Барои омӯзгор аз ин баҳои баландтар нест ва маҳз чунин омӯзгорон пояи эътибори донишгоҳро баланд мебардоранд.

Дар шинохти Осимӣ ва Латифӣ

Солҳои 1970 – 1992 дар Тоҷикистон таҳти сарпарастии академик Муҳаммад Осимӣ мактаби тобистонаи физикҳо, математикҳо ва химикҳои ҷавон амал мекард. Ин мактаб ҳар сол дар яке аз истироҳатгоҳҳои пионерӣ дар моҳи август гузаронида шуда, дар он ҷавонони лаёқатманд — иштирокчиёни олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ аз математика, физика ва химия 20-25 рӯз ҳам дарс мехонданд ва ҳам истироҳат менамуданд. Расмияти кушодашавию пӯшидашавии ин мактаб дар маҷлиси тантанавӣ бо иштироки намояндагони ташкилотҳои ҳизбию комсомолӣ ва вазорати маорифу воситаҳои  ахбори умум сурат мегирифт. Дар чунин маҷлисҳо одатан як нафарӣ намояндагӣ аз аҳли омӯзгорон, хонандагон, волидайн ҳамчун меҳмон баромад менамуданд. Боре, ин мактаб дар истироҳатгоҳи пионерии “Чайка”, ки дар дараи Варзоб буд, баргузор мегашт, барои ҳамчун омӯзгор дар чунин маҷлис сухан гуфтан маро даъват карданд.

Ман гуфтам, дирӯз аз радиои “Маяк” шунидам, ки ровӣ мегуфт:

”Норвегия кишвари сахтиқлим аст. Ба ғайр аз кӯҳҳои барфпӯши манбаи обҳои равон боигарии дигаре надорад. Мардуми ҳунарманд дорад, ки саноати энергияталабро рушд дода, зиёда аз 200 сол боз сатҳи зиндагиашонро дар ҷаҳон боло нигоҳ медоранд”.

 Захираи гидроэнергетикии Тоҷикистон аз Норвегия камтар нест. Худованд ба мо иқлими биҳиштосое додааст, ки ниҳоли хушкро шинонӣ, сабзида, ҳосил медиҳад. Таги поятро дурустар кобӣ, кандание меёбӣ. Аммо сатҳи зиндагиамон баланд нест. Мо ҳамон мардуми ҳунармандеро, ки боигариашро шинохтаю самаранок истифода карда тавонад, ҳанӯз надорем. Шумо, ки ҷавонони блаёқати ҷумҳурӣ мебошед, илму технологияи муосирро омӯхта, асоси ҳамон мардуми ҳунарманду донишманди ҷумҳуриамонро гузоред. Баъди маҷлис як ҷавонмарди қадбаланди гандумгун ба наздам омада, дасташро дароз намуд:

-Ман Отахон Латифӣ, мухбири рӯзномаи “Комсомольская правда”, -гуфта суханҳои  маро дастгирӣ намуд. Аз ҳамин ҷо шиносоии ман бо Отахон Латифӣ оғоз шуд.

Ҳар гоҳ ки ман мисоли овардашударо ҳангоми вохӯрӣ бо ҷавонон нақл мекунам, мегӯям кӯҳнаю забонзада шуда бошад ҳам, ин мисол ифодакунандаи зарурати рушди фарҳанги техникии ҷомеа, омода намудани мардуми донишманди боигарии табиию техникии кишварашро шиносандаю самаранок истифодакунанда мебошад. Фикр мекунам, таъсиси чунин мактабҳо яке аз омилҳои муҳими амалисозии ҳадафҳои барномаи “Бистсолаи рушди фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзи дар соҳаи илм ва маориф” низ  буда метавонад.

Шиносоӣ бо устод Осимӣ соли 1965 дар Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин сурат гирифта буд. Устод ба мо аз фанни философия дарс мегуфтанд. Баъдан, мо 20 сол дар Академияи илмҳо ҳамкорӣ доштем. 9 сол якҷоя аъзои Парткоми академия будем. Болои бисёр масъалаҳо баҳс ҳам мекардем. Устод ниҳоят шахси дурандеш, сиёсатмадор, ботаҳамул ва сухандон буданд. Воқеан ҳам, маорифпарвари асил буданд.

Як рӯз ҳаво хунук, дар роҳ мегузаштам, ки мошине нигоҳ дошт. Аз дохилаш Осимӣ фаромад. Ҳолпурсӣ кардем ва корро пурсид. Гуфтам, ки дар факултети физика фаъолият карда истодаам. Зуд-зуд Академия рафта меистам. Баъд гуфт:

— Тоқат кун, замона нағз мешавад.

Бо ҳамдигар хайрухуш кардем. Ногоҳ як назар ба пушт кардам, ки ҳоло ҳам сари роҳ Осимӣ истодааст. Боз гашта омад.

Пурсидам:

— Устод, ягон хизмат буд?

Лаҳзае ба фикр фурӯ рафту гуфт:

— Ҳамон давра шумо ҳақ будед, аммо замон дигар буд.

Моро дар замони якҷо фаъолият сари чанд масъала сарзаниш карда буд. Ҳамон ба хотираш расидааст. Яъне, медонисту аз рӯи замона кор мекард.

Ин лаҳза солҳои 90-ум, тақрибан як ҳафта пеш аз маргаш буд. Ёдаш ба хайр,- ёдовар мешавад Анвар Абдурасулов.

…Суҳбат бо Анвар Абдурасулов тӯлонӣ буд, ёддоштҳои дигарро дар фурсатҳои мувофиқ хоҳам навишт.

Усмон РАҲИМЗОДА,

“Тоҷикистон”

https://pressa.tj/maorif/az-bargardonidani-ibroҳim-usmon-to-kumaki-asadullo-raҳmon/

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

6 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *