Дар Қазоқистон беш аз ҳазор нафар осеб диданд (аудио)
Бар асари ошӯбҳо дар Қазоқистон беш аз ҳазор нафар осеб диданд. Дар ин бора рӯзи панҷшанбеи 6 январ телевизиони давлатии «Хабар 24» бо такя ба вазорати тандурустӣ хабар дод. Тавре зикр гардид, 400 нафар дар беморхона бистарӣ шуда, 62 нафар дар реаниматсия қарор доранд. Дар ин шабу рӯз муҳоҷирини тоҷик чӣ вазъ доранд?
Ҳамчунин ишора шудааст, ки ҷинояткорон ба табибон ҳамла мекунанд. «Зиёда аз 10 корманди тиб аз амали ҷинояткорон осеб диданд» гуфт диктор дар як хабар. Эътирозҳо дар Қазоқистон Ёдовар мешавем, ки вазъ дар Қазоқистон баъд аз он бадтар шуд, ки сокинони маҳаллӣ рӯзи 2 январ бо талаби коҳиши нархи сӯзишворӣ ба кӯчаҳо баромаданд.
Қимати газ дар Қазоқистон аз 1 январ ду баробар — аз 60 то 120 танга барои як литр боло рафтааст. Раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев дастур дод, ки ба зудӣ комиссия таъсис дода, ин масъала баррасӣ шавад ва эътирозгаронро ба муколама даъват кард. Рӯзи 4 январ дар Алмаато ва Нур-Султон ошӯб ба амал омад.
Дар як қатор шаҳрҳо, аз ҷумла дар Алмаато, эътирозгарон барои тасарруфи биноҳои маъмурӣ рафтанд, ба биноҳои шабакаҳои телевизионӣ ҳамла карданд ва қароргоҳи презденти Қазоқистонро дар Алмаато тасарруф карданд. Субҳи 5 январ Тоқаев ҳукуматро барканор кард ва дастур дод, ки танзими давлатии нархи гази моеъ ва бензинро барои шаш моҳ ҷорӣ кунад.
Вай ҳамчунин эълон кард, ки раиси Шӯрои Амният мешавад, ки қаблан ба он раисиҷумҳури нахустини ҷумҳурӣ Нурсултон Назарбоев раҳбарӣ мекард ва чораҳои нави ҳалли вазъро эълон кард. Дар саросари Қазоқистон вазъияти фавқулодда эълон карда шуд.
Қазоқистон: 8 нафар куштаву 317 нафар захмӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ