Дар Қазоқистон зиёда аз 14 ҳазор нафар маҳкумшудагон афв мешаванд
— Сенаторҳо лоиҳаи Қонун “Дар бораи афв ба муносибати 30 -солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Қазоқистон”-ро қабул карданд. Ҳуҷҷат барои имзо кардан ба роҳбари давлат ирсол шудааст,- менависад хабаргузории NUR.KZ.
Бино ба итиилои манбаъ, ҳуҷҷатро вазири корҳои дохилӣ Ерлан Тургумбаев пешниҳод кардааст. Ба гуфтаи ӯ, лоиҳаи қонун мувофиқи дастури роҳбари давлат таҳия гардидааст.
— Лоиҳаи қонун ба озодӣ аз адои ҷазо барои ҷиноятҳои хурд ва миёна, инчунин, ихтисори муҳлати адонашудаи ҷазо барои ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин нигаронида шудааст. Ба категорияи шаҳрвандони аз лиҳози иҷтимоӣ осебпазир — собиқадорон, ноболиғон, куҳансолон, маъюбони гуруҳҳои I-II ва дигар шахсоне, ки ба амнияти шаҳрвандон ва давлат хатар надоранд, таваҷҷуҳи бештар дода мешавад,- хабар медиҳад раҳбари ВКД.
Гуфта мешавад, ки тибқи ҳисобҳои пешакӣ афв нисбати зиёда аз 14 ҳазор нафар татбиқ хоҳад гардид. Аз муассисаҳои ислоҳотӣ ҳудуди ҳазор нафар ба озодӣ баромада, 3,8 ҳазор нафар аз қайди хадамоти озмоишӣ бароварда шуда ва муҳлати ҷазои 9 ҳазор нафар кӯтоҳ карда мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ