Дар Қирғизистон ба хориҷиён мақоми “Кӯчманчии рақамӣ” медиҳанд
Мақомоти Қирғизистон як лоиҳаи озмоиширо барои додани мақоми “Кӯчманчии рақамӣ” ба шаҳрвандони хориҷӣ оғоз кардаанд. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати иқтисод ва савдои ин кишвар бо истинод ба қарори ҳукумат хабар додааст.
— Мақоми «Кӯчманчии рақамӣ» барои ба қаламрави Қирғизистон бидуни раводид ворид шудан, бақайдгирӣ дар ҷои будубош ва иҷозатнома барои фаъолияти меҳнатӣ мусоидат мекунад,- шарҳ додааст вазорат.
Дар низомномаи муваққатӣ оид ба тартиби гузаронидани лоиҳаи озмоишӣ гуфта мешавад, ки мақоми «Кӯчманчии рақамӣ» дар шакли ҳуҷҷати электронӣ ройгон дода мешавад. Мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, таҳияи нармафзор ва соҳаҳои эҷодӣ метавонанд барои дарёфти он муроҷиат кунанд.
Гуфта мешавад, ки ин муқаррарот ба шаҳрвандони шаш кишвар — Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Молдова ва Русия дахл дорад.
Муҳлати баррасии ариза барои гирифтани мақоми «Кӯчманчии рақамӣ» се рӯзи корӣ мебошад. Агар аризадиҳанда ин мақомро ба даст орад, хешовандони наздики ӯ (шавҳар/зан, фарзандони ноболиғ, инчунин дигар ашхосе, ки таҳти парастории ӯ мебошанд) ҳуқуқи гирифтани иҷозати дахлдор барои вуруд ва будубош дар Қирғизистонро пайдо мекунанд.
Зикр карда мешавад, ки амалисозии лоиҳаи озмоишӣ 31-уми декабри соли 2023 ба охир мерасад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ