Дар Қирғизистон истифодаи сигорҳои электрониро манъ кардаанд

🇰🇬 Президенти Қирғизистон қонунеро ба имзо расонид, ки аз рӯи он, аз 1 июли соли 2025 воридот  ва истифодаи сигорҳои электронӣ дар ҷумҳурӣ манъ аст.

Дар қонун  қайд карда мешавад, ки мақсади навоварӣ таъмин намудани ҳифзи саломатии шаҳрвандон аз истифодаи сигорҳои электронӣ мебошад.

Қонун инчунин ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои маъмурӣ ва ҷиноятиро таъмин менамояд, ки ҷазо барои таъмин ва фурӯши молҳои манъшударо муқаррар менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *