Душанбе

Дар Душанбе ҳамоиши сатҳи баланд баргузор мешавад

Дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сатҳи баланд бахшида ба мушкилоти экологии баҳри Арал баргузор мешавад.

Бино ба иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, аз ҷумла, аз 5 то 7 июни соли равон дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ бахшида ба 30-умин солгарди таъсиси Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал сурат хоҳад гирифт.

Гуфта мешавад, ки рамзи солгарди Хазинаи байналмилалии наҷоти Аралро  Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ кардааст.

Ҳамчунин, дар шаҳри Душанбе рӯзҳои 14 ва 15 сентябр нишасти сарони кишварҳо — муассисони Сандуқи наҷоти Арал баргузор мешавад.  Он ба муносибати панҷумин нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бахшида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи экологӣ ва аз байн рафтани бузургтарин пиряхҳо дар ҳамоишҳои сатҳи баланд изҳори нигаронӣ кардааст.

Зеро кишварҳои Осиёи Марказӣ бар асари обшавии пиряхҳо ва биёбоншавӣ метавонанд ба амнияти озуқавории ҷиддӣ рӯ ба рӯ шаванд.

Бар асари оқибатҳои гармшавии глобалӣ ҳарорати миёнаи ҳаво дар сайёра баланд шуда, дар робита ба ин як қисми заминҳо ба биёбонҳо табдил меёбанд ва пиряхҳои бузурги Осиёи Марказӣ об мешаванд, ки ин махсусан хатарнок аст, зеро онҳо манбаи асосии оби тоза дар тамоми минтақа мебошанд.

https://pressa.tj/ҳushdori-kҳf-piryahҳo-ob-meshavand-eҳtimol-sel-oyad/

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *