Дар Ҳисор судя бо 30000 сомонӣ ришва ба даст афтод

Ба гуфти дафтари матбуотии Агентии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсия, дар шаҳри Ҳисор судяи суди ин шаҳр Собирзода Зайдулло Фозил бо ҷурми гирифтани ришва ба даст афтодааст..

Тибқи иттилои манбаъ, ӯ аз шаҳрванд “А” барои нисбаташ таъин намудани ҷазои сабуктар маблағи 30000 сомонӣ ҳамчун пора талаб намудааст.
Манбаъ мегӯяд, Собирзода санаи 12 апрели соли 2020 маблағи 10000 сомониро пешакӣ гирифта, овардани боқимондаи онро талаб намуд.
Дар хабар омадааст: “Санаи 14 апрели соли 2020 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ–тафтишотӣ Собирзода З.Ф. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 20000 сомонии боқимонда дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд” ,-.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Собирзода Зайдулло Фозил бо моддаи 319 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

А.А.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *