Дар ҳолати рўза ғарғара кардан ҷоиз нест

Рӯзҳои гузашта суҳбатҳои рамазонии ду руҳонии шинохтаи кишвар — Ҳоҷӣ Мирзо ва раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзодаро ба нашр расонида будем. Пас аз нашри ин суҳбатҳо ба унвонии идораи мо номаҳо ва саволҳои зиёде ворид шуданд, ки посухи онҳоро аз домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ ҷӯё гардидем.

Наврӯз аз шаҳри Ваҳдат мепурсад, ки дар вақти хондани намози қазоӣ чигуна ният кардан лозим аст?

Домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ мегӯяд:

— Бародари азиз, агар қазои намози ҳамин рўз ё дирўзро гузоридан хоҳед, пас чунин ният кунед: Ният кардам бигузорам фарзи намози бомдод (ё пешин)-и қазоии ҳамин рўз (ё дирўз), рўй овардам ба қибла, қибла ҷиҳати Каъба, холисан лиллоҳи таъоло Аллоҳу Акбар. Агар намозҳои қазоии гузаштаро мегузоред, пас равиши нияти он намозҳо чунин аст: Ният кардам бигузорам аввалин фарзи намози бомдод, ки бар ман аст, рўй овардам ба қибла, қибла ҷиҳати Каъба, холисан лиллоҳи таъоло Аллоҳу Акбар. Агар намози қазоии пешин ё дигар намозҳои панҷгонаро мегузоред, ба ҷои бомдод номи ҳамон намозро зикр кунед. Агар намози қазоии витр мегузоред, чунин ният кунед: Ният кардам бигузорам аввалин намози витр, ки бар ман аст, рўй овардам ба қибла, қибла ҷиҳати Каъба, холисан лиллоҳи таъоло Аллоҳу Акбар.

— Оё дар ҳолати рўза ғарғара кардани даҳон ҷоиз аст?,- суол медиҳад Рустам аз ноҳияи Файзобод.

Домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ ба ин суол чунин посух мегардонад:

— Дар ҳолати рўза об гардонидани даҳону бинӣ ҷоиз аст, аммо ғарғара кардан ҷоиз нест, чунки бими фурў рафтани об дар ҳалқ вуҷуд дорад. Бинобар ин, эҳтиёт бояд кард, то об дар ҳалқ дохил нашавад. Дар китоби «Ал-Фиқҳул-исломийю ва адиллатуҳу», ҷ. 3, с. 1710 -11 дар мавриди чизҳое, ки рўзаро намешикананд, меорад: «Шашум: Мазмаза ва истиншоқ, агарчи дар ғайри вузў кунад, лекин дар вақти шустани даҳону бинӣ муболиға намекунад, то ки об дохили бадан нашавад».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *