Дар Ҷайҳун кӯдакистони валангорро баъди навсозӣ ба истифода доданд

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун ва саҳмгузории соҳибкорони маҳаллӣ муассисаи томактабӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуд.

Иншооти мавриди назар барои 120 кӯдак пешбинӣ шудааст.

Умед Эшонзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷайҳун дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки бинои кӯдакистон солҳо боз валангор буд. Ӯ мегӯяд, бо дастгирии роҳбарияти ноҳияи Ҷайҳун ва соҳибкорон бино навсозӣ карда шуд.

«Ҳоло дар муассисаи томактабӣ 120 кудак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд, — афзуд вай.

Номбурда гуфт, ки «соли 2022 як кӯдакистон ва соли 2024 як муассисаи томактабии дигарро ифтитоҳ кардем. Ҳоло дар умум, фарогирии кӯдакон ба кӯдакистон 22 дарсад аст».

Ба таъкиди Умед Эшонзода, феълан дар ноҳияи Ҷайҳун 4 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 480 кӯдак фаъолият доранд. Ӯ афзуд, ки дар 180 гуруҳи дигар дар Маркази инкишофи кӯдак, 3 ҳазору 180 кӯдак ба таълиму тарбия фарогирифта шудаанд.

Машраби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *