Дар Ӯзбекистон 18 кӯдак аз «Док-1 Макс» фавтидаанд
Дар Ӯзбекистон пас аз истифодаи доруи «Док-1 Макс» 18 кӯдак фавтидаанд. Ин дору барои табобати бемориҳои роҳҳои нафас пешбинӣ шуда, ширкати Marion Biotech-и Ҳиндустон онро истеҳсол мекунад ва ин дору дар Тоҷикистон низ ба фурӯш бароварда мешавад.
Ин ҳодиса дар кишвари ҳамсоя сарусадои зиёдеро ба бор овард ва пас аз ин Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон фурӯши ин дору ва маҳлулро дар тамоми дорухонаҳои кишвар манъ кардааст.
Тибқи маълумотҳо, пештар аз истифодаи ин дору, ки дар таркибаш этиленгликол дорад, беш аз 200 кӯдаки то 5-сола дар Гамбия ва Индонезия фавтида будаанд.
Шаҳрвандони кишварро зарур аст, ки кӯдакони худро беназорат нагузоранд ва дар ҳолатҳои пайдо шудани нишонаи ягон беморӣ ҳатман ба духтур муроҷиат намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ