Дар Ӯзбекистон муҳлати карантин тамдид ёфт

Қарор дар мавриди тамдид кардани мӯҳлати қарантин дар Ӯзбекистон 18 — уми апрел сурат гирифта, то 10-уми май идома меёбад.

Қаблан, тибқи гузориши расонаҳои кишвари ҳамсоя, мӯҳлати карантини эълонгардида рӯзи 20 — уми апрел бояд ба анҷом мерасид.
Намояндагони Комиссияи махсус бар ин назаранд, ки танҳо риояи режими хонашинӣ ва тамдиди қарантин, роҳи ягонаи пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус мебошад.
Ахиран дар Ӯзбекистон 19 ҳолати нави дигари мубталоёни коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора Вазорати тандурустии ин кишвар хабар медиҳад. .Тибқи омор, шумораи умумии мубталоён ба коронавирус ба 1490 нафар расид.Ҳамчунин, аз ин беморӣ дар ин кишвар панҷ нафар ҳалок ва 194 тани дигар шифо ёфтаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *