Дар Ӯзбекистон шабакаи телевизионии Foreign Languages таъсис ёфт

— Дар Ӯзбекистон шабакаи нави телевизионии Foreign Languages ба кор оғоз кард. Он дар системаи Ширкати миллии телевизион ва радио амал мекунад,- иттилоъ медиҳад Podrobno.uz.

Бино ба иттилои манбаъ, сохтори нав дар заминаи шабакаи телевизионии Oilaviy таъсис ёфтааст. Миёни вазифаҳои асосии он ҷоннок намудани омӯзиши забонҳои хориҷӣ миёни аҳолӣ, хусусан насли ҷавон ва намоиши филмҳои омӯзишӣ, мустанад ва бадеӣ, ки ба довталабон барои омӯхтани забонҳои хориҷӣ кумак мерасонанд, мавқеи намоён хоҳанд дошт.

Гуфта мешавад, ки шабакаи нави телевизионӣ барномаҳои ӯзбекиро бо забонҳои хориҷӣ 24 соат, шабонарӯзӣ намоиш медиҳад. Матолиб бо забони хориҷӣ бо зерматнҳои ӯзбекӣ, англисӣ ва русӣ пахш мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *