Дар 140 мактаби Тоҷикистон низоми 10 – хола ҷорӣ шуд
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки ҳоло дар 140 мактаби Тоҷикистон низоми 10 — хола озмоиш мешавад.
Ба гуфтаи Раҳим Саидзода, дар сурати мувофиқ омадани низоми мазкур он пурра қабул ва дар ҳамаи макотиби кишвар роҳандозӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон лоиҳаи «Дастурамал оид ба озмоиши низоми баҳогузории 10-хола ва меъёрҳои арзёбии дониш, малака ва маҳорати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муаррифӣ гардид.
Низоми баҳогузории 10-хола дар самти иҷрои дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст. То имрӯз дар макотиби кишвар баҳогузорӣ аз рӯйи меъёри маорифи Шӯравӣ, яъне сехола буд ва ба толибилм баҳои 3, 4 ва 5 гузошта мешуд. Назарҳо нисбат ба гузаштан ба низоми нави баҳогузорӣ мухталиф аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ