Дар 3 моҳ 7 ҳазор соҳибкор фаъолиятро қатъ кардаанд (аудио)
Беш аз 7 ҳазор соҳибкори инфиродӣ дар Тоҷикистон тайи моҳҳои январ — марти соли равон фаъолияташонро бо далоили гуногун қатъ кардаанд. Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар семоҳаи аввали соли равон 7,3 ҳазор субъекти хоҷагидорӣ фаъолияташонро қатъ кардаанд, ки аз ин теъдод 319 ададашон шахсони ҳуқуқӣ ва беш аз 7 ҳазорашон соҳибкорони инфиродӣ мебошад.
Аз агентӣ хабар медиҳанд, ки ба ҳолати аввали апрели соли равон дар ҷумҳурӣ 685,4 ҳазор субъектҳои хоҷагидорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 635 ҳазорашон соҳибкорони инфиродӣ мебошанд. Теъдоди субъектҳои фаъол ба ҳолати аввали апрели соли равон 344,5 ҳазор нафар мебошад.
Барҳамхӯрии субъектҳои хоҷагирдорӣ ва фаъол набудани бархеи онҳо дар ҳолест, ки ахиран президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии соҳибкории хурду миёна дастур дод. Ӯ махсусан дар шароитии феълӣ, ки авзои ҷаҳонӣ мураккаб боқӣ мемонад, рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва афзоиши тавлидоти дохилиро муҳим хонд.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,5 дарсад афзоиш ёфтааст.
Дар сохтори ММД дар семоҳаи аввал саноат (22,1%) ва савдо (19,6%) бартарӣ доранд. Ҳиссаи нақлиёт, алоқа ва анбор дар сохтори ММД 11,7% ва андоз 12%-ро ташкил додааст.
Саҳми соҳаи кишоварзӣ, ки дар охири сол одатан дар сохтори ММД бартарӣ дорад, дар семоҳаи аввал ҳамагӣ 6,4%ро ташкил додааст. Ин аз он вобаста аст, ки соли кишоварзӣ тоза шуруъ шудааст. ⠀
Тибқи пешгӯиҳо, дар соли ҷорӣ афзоиши ММД дар сатҳи 7,9%, ба маблағи 103,9 млрд сомонӣ, муодили 8,3 млрд доллар дар назар аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ