Дар 6 моҳ мусодираи 62 адад силоҳи сард
Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар доираи амалиёти «Корд» дар шаҳри Душанбе аз ноболиғон ва ҷавонон 62 адад силоҳи сард мусодира шудааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад.
Дар умум дар ин давра 51 корд, 7 кастет, 2 битта, 1 электрошокер ва 1 табар мусодира шудааст. Гуфта мешавад, ки 60 адади ин силоҳҳо аз дасти ноболиғон дарёфту мусодира карда шудаааст. РВКД дар шаҳри Душанбе нигаронӣ кардааст, ки бо вуҷуди ҳушдорҳои зиёд дар мавриди таълиму тарбияи наврасон ва ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани онҳо, боз ҳам истифода ва бо худ гирифтани силоҳи сард аз ҷониби наврасону ҷавонон қатъ намешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ