Дар 83- солагӣ сазовори ҷоизаи байналмилалӣ гардид
Дар дунё одамоне ҳастанд, ки ҳич гоҳ хастагиро эҳсос намекунанд. Гӯиё онҳоро маҳз барои кору эҷод офарида бошанд. Ва болидарӯҳияшон низ дар кору эҷод зоҳир мегардад. Чун дида ба мӯйҳои мошубиринҷ, қомати боло ва чусту чолокии Ширинбек Давлатмамадов назаратон бархӯрд мекунад, шумо бовар бар он надоред, ки ин марди сертакопӯй 83 сол дошта бошад.
Аз 83 соли умри худ ин фидоии илму фарҳангу тамаддуни миллат 60 соли умри бобаракоти худро дар роҳи илму маърифату хизмат ба халқу диёраш паси сар гузошта.
Мо чун ба паҳлӯҳои фаъолияти Ходими шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷарроҳ, табиби мардумӣ, роҳбари созмони ҷамъиятии “Гулу Гиёҳ”, раиси анҷумани тиббии мардумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ғолиби озмуни байналмиалии “Чондчжу-2021” дар самти ҳифзи мероси фарҳангӣ-доктор Ширинбек Давлатмамадов менигарем, ба худ суолеро пешорӯ мегузорем, ки дар ин як ҷуссаи худакак ин қадар такопуву ҷушу хурушу меҳру муҳаббати бузургу ғунҷидааст.
Ӯро дар саросари Бадахшон ва манотиқиТоҷикистон на танҳо ҳамчун ҷарроҳ чирадаст ва табиби мардумӣ, балки посдорандаи урфу одат, расму ойин, мероси ниёгон, муҳаққиқу пажуҳигар мешиносанду эҳтиромаш мекунанд.
Хизматҳои шоиставу холисонаи ин фарди барӯманд буда, ки рӯзи шанбе, 16-уми октябр дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе ҳамоиши илмию маърифатӣ, рӯйнамои осор ва фаъолияти эҷодияш бо иштироки аҳли илму адаб, намояндаҳои касбу кори гуногун ва ҳаводорони доктор Ширинбек Давлатмамадов доир гардид.
Аз соли 1964 то ба имрӯз ба табобати м ардум машғул буда, ба садҳо кас дармон гаштааст. Дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон шояд хонаводае пайдо нагардад, ки номи ин фарзанди диёри кӯҳҳои сарбафалакро нашнида бошад ва аз ташхису табобати ӯ баҳра нагирифта бошад.
Шайулраис Аӯалӣ Сино ба чунин маънӣ мефармояд: “Табиби ҳушманд аввал бо сухан баъдан бо гиёҳ ва пас аз он бо теғ табобату дармон мекунад.” Ва ҳамин се нишона аз ҳикмати Шайулраисро доктор Ширинбек Давлатмамадов бархӯрдор ҳаст .
Ӯ як шахси хушмуомилаи латифгуфтор ва гиёҳшиносу таҳқиқгар ва ҷарроҳи шинохтаест. Дар дафтари рӯзгори ӯ сабту нигоришҳои бисёрест. Ӯ дар ҷодаи касбу ихтисос то ба вазифаи сардухтури беморхонаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон расида, сазовори чанди мукофотҳои олӣ гардидааст.
Ва аз ҳама муҳимтарин санаи рӯзгори ӯ дар моҳи августи соли 2021 дар сини 83 солагӣ дар байни 44 довталаб аз 29 кишвари дунё дар шаҳри Чондчжуи Корея сазовори ҷоизаи байналхалқӣ гардидани ӯ мебошад.
Ӯ на барои дастовардҳои тиббияш, на барои ҷарроҳи моҳир буданаш ва ҳатто на барои табиби мардумӣ буданаш ҷоизаи байналмилалиро ба даст овардааст, балки дар самти ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ онро сазовор гардидааст.
Дар гӯшаи толори маҷлисгоҳи Маркази исмоиля дар шаҳри Душанбе, гӯшаи китобу гиёҳҳову доруворӣ ба маърази тамошобинон гузошта шуда буд.
Доир ба паҳлӯҳои мухталифи фаъолияти ин марди солору барӯманд пррофессор Юсуф Нуралиев , доктор Мулозуҳур Тоҳирӣ, собиқ президенти Академияи улуми Тоҷикистон Мамадшо Илолов, докатори илм Парвона Ҷамшед, доктори илмҳои филологӣ Варқа Охунниёзов ва шогирдону пайвандонаш хотироти хубу гуворои худро аз ошноиву кор бо ин фидоии роҳи илму маърифат баён доштанд.
Ҳоло доктор Ширинбек китоб менависад, семинарҳои омӯзишӣ мегузаронад, дар саросари минтақа ва берун аз он сафар мекунад, дар хона ва дар офис бо беморон машварат мекунад.
Юсуф Нуралиев, доктори илмҳои тиб мегӯяд: «Танҳо пажӯҳишгоҳҳои тадқиқотӣ метавонанд аз рӯи ҳаҷми коре, ки як пизишке чун Ширинбек анҷом додааст, даҳҳо тадиқоқти илми аныом дищанду бо растаниҳои шифоии ӯ барзидди бемориҳо мубориза баранд.»
Давлатмамадов орзу дорад — як «дорухонаи сабз»таъсис бидиҳад. Вай бовар дорад, ки барои таъсиси чунин дорухона ҳама заминаҳо мавҷуданд.
«Агар аз ҷониби давлат кумак мешуд, мо метавонистем дар Ишкошим як коргоҳи истеҳсолӣ барои ҷамъоварӣ, хушккунӣ ва бастабандии растаниҳои шифобахш, истеҳсоли decoctions, tinctures, хокаҳо ташкил кунем. Чаро, ки растаниҳои шифобахшро дар дохили кишварметавон коркард намуд? Ба ин васила ҷойҳои кории иловагӣ пайдо мешаванд” мегӯяд духтур.
Ширинбек Давлатмамадов муаллифи зиёда аз 30 китобҳои мухталиф мебошад, ки мо чанде аз онро чун намуна меоварем:
“Набототи дармонбахши Бадахшон”, “Чашмаҳои шифобахши Бадахшон”, “Донишномаи тибби мардумӣ”, “Тақвими ҷамъоварии набототи дармонбахши Бадахшон”, “Гиёҳномаи Бадахшон” дар соҳаи тиб; “Тулуъи офтоб”, “Забони ишкошимӣ”, “Вух диёри ганҷ. Ганҷи Вахонзамин”, “Ҳик Расмиш” (оид ба расму оини Вахон) ва чанди дигар дар соҳаи забону таъриху расму оини мардум мебошанд.
Бояд бигӯем, ки доир намудани чунин чорабиниҳои фарҳангӣ барои тарбияи насли наврас басо муҳим буда, онҳоро барои арҷгузорӣ ба гузаштаи пурғановати хеш рӯёорӯ мегузорад. Омӯхтану бо чашми худ дидани рӯзгори пурғановати мардони хираду рӯзгор, мактаби бузурги таълим у тарбияест, ки ҷавононро ҳидояти роҳи рост мекунад.
Мухтор Боқизода
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ