Дар  9 моҳ 10,7 ҳазор қонунвайронкунии замин

Да пайи 9 моҳ нозирони Кумитаи давлатии идораи замин ва мақомоти он дар маҳал наздики 10,7 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро ошкор кардаанд.

Ин нукта дар ҷаласаи ҷамъбастиии фаъолияти нуҳмоҳа зикр гардида, нисбати зиёда аз 9,2 ҳазор ҳолат парвандаи мамурӣ тартиб дода шуд.

Манбаъ афзуд, ки барои додани баҳои ҳуқуқӣ бошад зиёда аз 700 мавод ба прокуратура қариб 500 мавод барои бо таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба Хадамоти иҷро ирсол гардид.

Таъкид гардидаст, ки ба 2 қарори раиси ноҳияи Ёвон ва 2 қарори раиси ноҳияи Панҷ бинобар сабаби ғайриқонунӣ буданаш пешниҳод манзур гардида, қарорҳои ғариқонунӣ қабулшуда бекор ва ба талаботи қонунгузорӣ мутобиқ гардиданд.

Кумитаи давлатӣ 13 ҳолати қабули қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳоро ошкор кард, ки чунин қарорҳои ғайриқонунӣ аз ҷониби раисони Хуҷанд, Варзоб, Кушониён, Панҷ, Ёвон ва Варзоб вобаста ба замин ошкор шуда, барои бекор намудани онҳо ва ба талаботи қонунгузорӣ мутобиқ намудани онҳо пешниҳодҳои дахлдор ирсол гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *