Дар Абдураҳмони Ҷомӣ 21 нафарро саг газид
Дар 11 моҳи соли равон, дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 21 нафар аз саг осеб дидаанд. Мутаассифона, як хонандаи муассисаи таълимии рақами 27 дар натиҷаи зарар аз саг вафот кардааст.
Бек Қурбонзода, мудири шуъбаи эпидемиологии Муассисаи давлатии назорати санитарӣ ва эпидемиологии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар суҳбат ба Pressa.tj гуфт, ки сабаби фавти ноболиғ зарар аз саг аст. Ӯ афзуд, кӯдаки зарардида аз саг дертар ба падару модараш мегӯяд, ки ин сабаби марги ӯ мешавад.
«Сентябри соли ҷорӣ ноболиғ У Б ба оббозӣ меравад. Дар онҷо саги номаълум ӯро мегазад. Бо ҳамин кӯдак аз бемории ҳорӣ ба ҳалокат мерасад. Фавтида сокини ҷамоати деҳоти Дӯстӣ деҳаи Фурқат мебошад»,-гуфт номбурда.
Бек Қурбонзода мегӯяд, 90 дарсади одамон аз сагҳои номаълум ва бесоҳиб зарар мебинанд. Ба таъкиди вай дар 11 моҳ аз ҷониби идораҳои дахлдори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 155 саг безарар карда шудааст.
Машраби Аловиддин
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ