Дар қабули Трамп
Мусоҳибаи хабарнигори “Тоҷикистон” бо президенти Амрико
…Мо ҳаргиз интизори ин даъват набудем, вале аз тариқи почтаи электронӣ даъватнома барои суҳбат бо президенти тозаинтихоби Амрико Доналд Трампро дида, ба он бовар накардем. Зеро вақтҳои охир ҳуҷумҳои хакерии Русия ба Амрико ва баръакс эътимодро ба ин гуна тамос аз байн бурда буд. Хостем ин даъватро фаромӯш кунем, вале узви ҳайати мушовараи ҳафтанома ҷаноби Масъуди Сипанд (шаҳрванди Амрико)маслиҳат дод, ки як бор телефонӣ бо ёрдамчии Трамп дар тамос шавем ва агар ин даъват ҳақиқат дошта бошад, ӯ тасдиқ мекунад ва агар не, рад.Инро қабул карда, бо истифода аз роуминг ба ёрдамчии президент Ҷек Кингстон занг задем. Чун ӯ мақсади моро фаҳмид, ба ҳайрат афтода гуфт: “Магар ҳанӯз аз сафорати мо дар Душанбе вақти парвозро нагуфтаанд ва чиптаҳои тайёраро ба шумо насупоридаанд? Гумон мекунед,ки почтаи электронии президентро шикастан осон аст? Тайёрӣ бинед, 30 декабр,соати даҳ бо вақти Вашингтон Доналд Трамп шуморо интизор мешавад!”.
Аз ин гуфтугӯ боз ҳам бештар ба ҳайрат афтода, дар идора машғули маслиҳати чӣ тавр аз ин имконият истифода бурданро доштем,ки намояндаи сафорати Амрико чиптаи тайёраи Душанбе-Маскав-Вашингтонро оварда, ба дастамон супурд ва ҳама сари он хам шуданд,ки дар он ҷо номи кӣ навишта шудааст.Ҳама баробари аз болои коғазҳои сафорат ба тарафи ман бо ҳасад чашм дӯхтанд. “Ин ҷо номи шумо навиштагӣ…“, — гуфтанд бо ҳасад ҳамкорон…
Инак, банда дар Вашингтон, дар қабули Доналд Трамп…
Вақте ки президенти навинтихобшудаи Амрико ба толори пазироӣ баромад, аввалин чизе, ки ба чашмам хӯрд, ин ҳайкали қавӣ ва мӯйи чун Золи Зард заб- зарди андаке ба сурхӣ моили ӯ буд.Ростӣ, то ин дам гумон карда будам, ки Трамп мӯяшро ранг мекунад, аммо… Вай кафи дасти маро байни кафҳои калонаш гирифта, андаке фишор доду гуфт:
-Медонӣ, саволи аввалинат барои ман маълум аст, мехоҳӣ донӣ,ки муи ман табаиатн зард аст ё…Ба ин саволи нагуфтаат дар охир ҷавоб мегуям. Ҳоло медонам, ки роҳи дуру дарозро тай карда омадаӣ, аммо маълум,ки бачаи кӯҳистонӣ ва зуд хаста намешавӣ. Ана, ба ин ҷо шин…
Ба курсии нарме ишора намуд ва худаш дар рӯ ба рӯям нишаст. Аҷиб, ки саволи аввалини ман берун аз номгӯи саволҳои қаблан мувофиқашуда баромад.
-Худро озод ҳис кун, зеро озодӣ дар Амрико аз ҳама чиз болотар аст…
-Агар озодӣ дар Амрико аз ҳама чиз боло бошад, ҳоло ман метавонам дар ҳузури шумо нишаста, дар вақти суҳбат гоҳ — гоҳ “носи муаллим”-ро, ки аз Кӯлоб махсус дар ин сафар ҳамроҳ гирифтаам, бароварда кашам?
-Э ин ҳамон “нюс мейд эн муаллим Кулеб”- мӣ? Метавонӣ. Гӯям,ки ностуфкунакро биёранд?
—Не, ин ҳамту як шӯхӣ буд. Акнун ба саволҳои ҷиддӣ мегузарем. Ҷаноби Трамп, бигӯед,ки оё воқеан ҳам Путин рафиқи шумост ва бо кумаки ӯ президент интихоб шудед?
-Не. Маро амрикоиҳо интихоб карданд ва ман президенти русҳо нестам -ку…Аммо ту медонӣ,ки Владимир Владимирович дар гузашта чӣ касб дошт. Тавре ки худи русҳо мегӯянд, “ дыма без огня не бывает»…
-Чӣ тавр шуд,ки Шумо маҳз хабарнигори “Тоҷикистон” ва маҳз бандаро барои мусоҳибаи аввалин даъват кардед?
-Чанд сол шуд, ки дар ин нашрия кор мекунӣ?
-14 сол
-Пас бояд донӣ, ки газетаи шумо аввал бо се забон,русӣ, англисӣ ва тоҷикӣ чоп мешуд. Ман саҳифаҳои англисии онро мехондам.Таърихи “Тоҷикистон”-ро медонам ва маҳз туро даъват карданамон низ сабаб дорад. Боре дар арафаи Соли нав як мусоҳибаи ту дар “Тоҷикистон” бо террористи № 1 Усома бинни Лодан нашр шуда буд. Он вақт сафири Покистон дар Душанбе туро даъват намуда, ҷойи ӯро пурсон шуда буд. Аммо азбаски бо чашмони баста туро ба мулоқот бурда буданд, ҷойи аниқашро гуфта натавонистӣ. СРУ бошад, аз рӯйи телефонҳои ба ту кардаи ёрдамчиёнаш макони ӯро пайдо кард ва дидӣ, ки оқибаташ чӣ шуд ва мурдаашро моҳиёни уқёнус хӯрданд. (Воқеан ҳам чунин мавод моҳи декабри соли 2011, дар арафаи Соли нав чоп шуда буд, ки бандаро ба сафорати Покистон дар Душанбе даъват намуда буданд). Аз ҳамон вақт ба ин тараф таваҷҷуҳи ман ба нашрияи “Тоҷикистон” ва шахсияти ту бештар гардид. Намедонам, чӣ сабаб шуд, ки аввал саҳифаи русӣ ва баъд англисӣ чоп намешудагӣ шуданд. Шояд Россия дигар спонсорӣ накард,ки…
-Ҷаноби президент, на Россия ва на Амрико ба газетаи мо дар давоми 25 соли мавҷудияташ ягон тин ҳам кумак накардаанд, аз ҳеҷ созмони байналхалқӣ ҳам грант нагирифтаем. Мо танҳо умед ба заҳмати худ ва хонандагонамон мебандем. Амрико дар Тоҷикистон ба кадом нашрияҳо кумак карданашро сафорати шумо хуб медонад.Аммо баргардем ба идомаи мавзӯе,ки маро ба ин ҷо овард.Мегӯянд,ки Шумо чанд хислати тоҷикӣ доред?
-Кадомҳо?
-Дона Туробович (мебахшед, дар Тоҷикистон баъзан шуморо чунин ном мебаранд)! Масалан, тоҷикон агар бой шаванд, аввал чанд зан мегиранд, баъд чандто хонаи нав месозанд…Шумо аллакай…
-…аллакай се бор зан гирифтам. Росташро гӯям, занҳои зеборо дӯст медорам ва ҳар мард бояд чунин бошад. Аз соли 1996 инҷониб маблағгузори асосии “Мисс Америка” мебошам. Аммо ман мисли тоҷикон бо ҳамааш баробар никоҳ намекунаму …аз пешинаҳояш ҳам шабу саҳар хабар гирифта меистам.Дар масъалаи хона бошад, ҳаргиз ҳисоб накардаам, ки дар сар то сари ҷаҳон чӣ қадар меҳмонхона дорам. Чанд ширкати сохтмонӣ дорам ва ба наздикӣ якеашро ба фурӯш мебарорам.Агар хоҳед, андаке арзонтар карда…Лекин боре аз ҳафтаномаатон хонда будам,ки як зан дар парлумони Тоҷикистон гуфта будааст,ки то замоне, ки ман депутат ҳастам, ҳаргиз ба дузанагӣ роҳ намедиҳам. Акнун ӯ аз парлумон рафтааст, шояд ин масъаларо дубора бардоред?
— Дубора ба ин масъаларо баргаштан кори депутатҳост. Рафиқ Трамп, биёед, ба сари масъалаи асосӣ баргардем.Наход Шумо маро аз ҳамин қадар роҳ барои ҳаллу фасли дузанагӣ даъват карда бошед?
-Ана, дидед, аз гап гап мебарояд, “рафиқ” гуфтеду ба сарам як фикр зад…
-Кадом фикр?
-Калимаи рафиқ аз ҷаноб беҳтар аст, барои ҳамин ман ба Сенат пешниҳод мекунам,ки минбаъд ба ҷойи калимаи “ҷаноб” “рафиқ” истифода шавад. Зеро ин одамонро бо ҳамдигар наздиктар мекунад. Масалан, агар ман ба Ҳиллари Клинтон,ки дар интихобот мағлуб шуд, “рафиқ Ҳилларӣ” гуфта муроҷиат мекардам, шояд ӯ то ҳол ба зери ман чоҳ намекофт…
-Чоҳ кофта истодааст?
-Беҳуда тоҷикон намегӯянд,ки “макри зан сад реша дорад…” Коре карда ҳамин занак маро то “импичминт” мебарад-чӣ…
-Аз даҳонатон шамол бараде…Монед аввал се -чор моҳ…узр, чор сол президентӣ кунед…
-Раҳмат,лекин аз ҳамин демократҳо ман сахт хавотир…”6 000 000 овоз аз Трамп зиёд гирифтем” мегӯяд Ҳилларӣ. Хайр зиёд гирифта бошед,чаро президент нашудед, хонум?
-Ҷаноби Трамп, акнун гӯед, ки аз интихоби Шумо Тоҷикистон ягон бурд мекунад?
Ангушти ишоратиашро ба тарафи ман мисли таҳдид ҷунбонида:
—Маълумот дорам, ки дар сафорати Амрико дар Душанбе интихоботи рамзӣ миёни рӯзноманигорони тоҷик баргузор гашт ва дар он Ҳилларӣ овози зиёд гирифт. Бигзор, ҳамон Ҳиллариатон кумак кунад.
-Ба риши бобом қасам, ки дар он ҷо аз “Тоҷикистон” ягон журналист набуд ва ҳамагон мо аз аввал ҷонибдори миллиардер рафиқ Трамп будем. Зеро медонистем,ки пул ҳама чизро ҳал мекунад…Эъъ, мебахшед, ногаҳон аз даҳонам баромад…
-Аз даҳонатон дуруст баромад. Албатта, пул ва медонед барои чӣ интихобкунандагон маҳз маро интихоб карданд? Чунки дигар ба ман пул лозим нест ва пулҳоямро агар нақдина кунам, чанд “Дулан”-и хитоӣ мешавад ва ман ҳаргиз хазинаи давлатро ҳам намедуздам…Албатта, ман ба Тоҷикистон меҳр дорам, хосса вақте ки шаҷарашиносон муайян карданд,ки ҳафтод пушт аз ин пеш гузаштагони мо аввал аз Суғд ба Ирландия ва баъд ба Амрико омадаанд. Суғдиҳо мисли ман сурхмӯю сурхабрӯ будаанд. Далели он Золи Зар аст.
-Ана, дидед, гапи нагуфтаи маро худатон ба забон овардед! Мо инро медонистем ва ба муносибати ғалабаи суғдиаҷдоди амрикоитабор рафиқ Доналд Трамп се рӯз дар идораи газета ягон одами ҳушёр набуд. Инро ба назар мегиред ё не, кори Шумо, вале маблағи сарфкардаи идораамон барои ғалабаи шумо сирри давлатӣ аст. Дар дунё як Путин нест-ку…Боз як саволи дигар дорам…
-Маро мебахшеду ба ман гуфта буданд, ки шумо ҳамагӣ панҷ савол медиҳед, о ин зиёд шуд- ку… Майлаш, саволи охиринро гӯш мекунам…
-Кай ба Тоҷикистон меоед?
-Мехостам аввалин сафарам ҳамчун Президент ба он ҷо бошад, аммо гуфтанд, ки ҳоло вақти тутпаз нест (тутро бисёр нағз мебинам).Насиб бошад, ҳамин, ки тутҳои Муъминобод пухта расиданд, маро дар он ҷо мебинед. Ҳоло, ки Соли нав фаро мерасад, ба ҳамаи тоҷикистониён, хоҳ муъминободӣ бошаду хоҳ данғарагӣ ва ё суғдию шуғнонӣ барори кору пули бисёр мехоҳам…Акнун дастатро ба сарам бурда бин,ки мӯи ман қалбакӣ ё рангшуда нест, балки модарам маро ҳамин хел таваллуд кардааст. Дар бебарқӣ каллаи хуб аст, хона равшан мешавад…
…Аз сардии ба рӯям расида бедор шудам. Гурбаи зарди мо,ки баъд аз интихоботи президентии Амрико занак ба вай Трамп ном гузошта буд, тирезаро бо тумшуқаш кушода, ба болои кати ман баромада, мӯйлабҳои зарди тарашро меҳрубонона ба мӯйлабҳои ман молиш медод…
А.АҲМАДЗОДА,
“Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ