Дар Афғонистон 50 ҳазор ҷангҷӯи ДИИШ чиро интизор доранд?

Созмони Милали муттаҳид гузориш додааст, кишхаи Хуросони ДИИШ* ҳам акнун дар Афғонистон 40 ҳазор ҷангҷӯ дорад, ду ҳазор нафари онҳо хориҷӣ ҳастанд

Кумитаи назорати таҳримҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милал ахиран дар гузорише аз вазъи амниятӣ дар Афғонистон изҳори нигаронӣ карда ва гуфтааст, ки бештари ҷангҷӯёни ДИИШ* дар замони суқути ҳукумати қаблӣ аз зиндонҳо озод шудаанд ва хатари терррристӣ дар Афғонистон дар ҳоли рушд аст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.

Дар бораи сафари яке аз писарони Усома бин Лодин чанде пеш, ба Афғонистон ва дидори ӯ бо раҳбарони толибон дар моҳи октябри соли гузашта гузориш дода буд; Ин гузориш аз ҷониби толибон ба пуррагӣ рад карда шуд.

Раиси амнияти дохилии Бритониё ахиран ҳушдор дод, ки Афғонистон дубора ба паноҳгоҳи террористон табдил хоҳад ёфт.

Раиси дастгоҳи истихбороти дохилии Бритониё Кен ‌‌‌Маккалом ба рӯзномаи Daily Mail гуфтааст, ки бархе аз ҷангҷӯёни бритониёӣ талош кардаанд, ба Афғонистон бираванд.

«Мо мушоҳида дорем, ки баъзе ашхос кӯшиши сафар ба Афғонистонро доранд ва аз ин рӯ, вазъро бо шарикони худ назорат дорем», -гуфт ӯ.

Ба гуфтаи вай, Афғонистон низ мисли Сурия метавонад ба макони таҷаммӯи нерӯҳои ифротии бритониёӣ табдил ёбад.

Раиси дастгоҳи истихбороти дохилии Бритониё гуфтааст, ки аз ташкили таъсисот ва шабакаҳои террористӣ дар Афғонистон нигарон аст.

Аз он рӯзе, ки ҳукумати Ғанӣ суқут кард ва дар манотиқи мухталифи ин кишвар афзоиши қудрати ҷунбиши толибон дар Афғонистон, чандин ҳамлаи террористӣ рух дод, ки аксари онҳоро ДИИШ* бар ӯҳда гирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *