Дар Афғонистон гуфтугӯи занон бо ҳамдигар манъ шуд

Вазири накӯкории «Толибон» Холид Ҳанафӣ ба занон гуфтугӯи оммавиро на танҳо бо мардон, балки бо занон низ манъ кардааст.

Дар ин бора телеграмканали BILD дар саҳифааш навиштааст.

 Тибқи изҳороти вазир, ба занони калонсол иҷозати шунидани овозҳои дигар занони калонсол манъ аст.

Ҳамин тариқ, занон бояд аз хондани Қуръон бо овози баланд дар ҳузури занони дигар худдорӣ кунанд.

Баъд аз он ки «Толибон» дар моҳи августи соли 2021 дар Афғонистон ба қудрат расиданд, занон дар кишвар аз таҳсил, сафар бидуни ҳамроҳии мард ва суҳбати оммавӣ, бахусус бо мардон манъ карда шуд.

Ба онҳо иҷозат нест, ки ба боғҳо ташриф оранд, оббозӣ кунанд ва бо ягон намуди варзиш машғул шаванд. Ҳамзамон кошонаи ҳусн баста шудаанд.

Паноҳгоҳҳои занон бояд баста мешуданд ва қонун дар бораи решакан кардани зӯроварӣ нисбати занон бекор карда мешуд. Занонро аксар вақт барои «рафтори ғайриисломӣ» дар назди мардум латукӯб мекунанд ва ба зиндон меандозанд.

* Ҳаракати «Толибон» террористӣ дониста шуда, Дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон манъ карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *