Дар Афғонистон мактабҳоро оташ заданд

Чанде пеш дар Афғонистон  ду мактаб якбора сӯхта, ҳарду ҳолат оташсӯзӣ арзёбӣ гардидааст.

Мактаби миёнаи ба номи Мавлавии Мир Алама дар Паруни Нуристон ва мактаби миёнаи «Зукур Ҷар-Қалъа»-и ноҳияи Гурзивони Форёб дар як замони муайян ба коми оташ фурӯ рафтаанд. Дар ин бора телеграм канали @sputnikaf. хабар медиҳад.

Ин аввалин ҳодисаи ғамангез дар соҳаи маорифи мактабҳои ин кишвар,  дар шаш моҳи охир нест. Ба ҳамин монанд моҳи июн дар ду мактаби духтаронаи ноҳияи Сангчараки Сарипул ҳамзамон заҳролудшавии оммавӣ ба вуқӯъ пайваст, ки омилони ин ҳодиса то ҳол пайдо нашуданд

“SIGAR” дар гузорише мегӯяд, ки дар моҳҳои ахир дар Афғонистон издивоҷи иҷборӣ ва ноболиғи духтарон афзоиш ёфтааст. Пас аз соли 2021: 35 дарсади духтарон қабл аз расидан ба синни 18 ва 17 дар 15 солагӣ  издивоҷ  кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *