Дар Амрико барои паноҳандагон қоидаи сахт ҷорӣ шуд

Дар ИМА Вазорати адлия ва Вазорати амнияти дохилӣ қоидаи нави додани ҳаққи паноҳандагӣ ба муҳоҷиронро таҳия карданд, ки аз имрӯз ба иҷро медарояд.

Дар ИМА Вазорати адлия ва Вазорати амнияти дохилӣ қоидаи нави додани ҳаққи паноҳандагӣ ба муҳоҷиронро таҳия карданд, ки аз имрӯз ба иҷро медарояд.

Дар марзҳои ҷанубӣ ба дархости онҳое, ки ба воситаи кишвари сеюм ба онҷо расидаанд, дар асоси қоидаи нав посухи рад дода мешавад.

Тавре дар иттилоияи Феҳристи федеролӣ омадааст, бештари хориҷиҳо тариқи Амрикои Марказӣ ва Мексика меоянд. Онҳо аз ин кишварҳо дархости паноҳандагӣ намекунанд, зеро зиндагӣ дар ИМА-ро беҳтар мешуморанд.

“Соли 2018 беш аз 162 ҳазор одам дархости паноҳандагӣ кардаанд”, — мегӯяд Вазорати адлияи ИМА.

Ин ҳисоб нисбат ба панҷ соли пеш 270% зиёд аст.

Бояд зикр намуд, ки дархости паноҳандагии беш аз 400 ҳазор каси дигар дар ҳоли баррасӣ аст.

Маврид бо ёдоварист, ки пулиси муҳоҷират ва гумруки ИМА рӯзи якшанбе барои боздошти муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар саросари Амрико амалиётеро анҷом доданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *