Дар арафаи Рамазон — маҳсулот фаровон. Биёву бихар!

Рӯзҳои охир якбора ба осмони ҳафтум дакка хӯрдани нарху наво дар бозору мағозаҳо тамоми мардум, хоса сокинони шаҳри Душанберо сахт ба ташвиш овардааст.

Аксарият ҳайронанд, ки бо чунин қиматӣ моҳи шарифи Рамазонро чӣ гуна мегузаронида бошанд. Аз ҳамин хотир, агентии “Тайрон”дар ҳамдастӣ бо шарикон тасмим гирифтааст, ки дар арафаи моҳи мубораки Рамазон барои мардуми тоҷик кори савоберо анҷом дода, муддати се рӯз — 25, 26, 27-уми март дар Кохи Борбад ярмарка-фурӯши маҳсулоти хушсифати ватаниро бо нархҳои дастрас ташкил намояд. Харидорон метавонанд аз ин намоишгоҳ маҳсулоти хӯрока, молҳо барои хона ва дигар намудҳои молу маҳсулоти ниёзи худро бо нархи яхлухт дастрас намоянд.

Кадом ширкатҳо маҳсулоти худро ба фурӯш мебароранд?

Ин бори аввал нест, ки ширкати “Тайрон” дар ҳамдастӣ бо шарикони лоиҳа дар моҳи рамазон сокинони Тоҷикистонро бо маҳсулоти хушсифат ва арзон хурсанд месозад. Лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” таърихи қариб даҳсола дорад ва имсол бори нуҳум аст, ки дар доираи ин лоиҳа намоиш-фурӯши маҳсулоти хушсифати ватанӣ баргузор мегардад. Тавре дастандаркорони лоиҳа мегӯянд, имсол ширкатҳои овозадори “Рамазон”, “Файзи Расул”, “Покиза”, “Ҳавас”, “Баҳори пурфайз”, “Мармарӣ”, “Кок”, “Раҳмат-2004”,  “Шоколатье”, “Шири Душанбе”, “Молочная радость”, “Фаровон-1”, “Авицена”, “Сиёма” ва “Шоҳамбарӣ” намудҳои гуногуни маҳсулоти гӯштӣ, аз ҷумла гӯшти гов, гӯшти мурғ, ҳасибу ҳасибчаҳои хушмазза, орд, макарон, равған, тухм, шир, қаймоқ, сметана, торт, шоколад, навъҳои гуногуни кулчақандҳои бомазза, шарбатҳои мевагӣ, обҳои газноку минералӣ ва анвои дигари маҳсулоти хӯрокаро бо нархи нисбат ба бозор пастар ба муштариён пешкаш менамоянд.

Мехоҳед хонаатон тозаву озода бошад?

Яке аз фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон — ин покизагист ва тамоми мардуми мусалмон кӯшиш мекунанд, ки дар арафаи ин моҳи муборак манзили худро тозаву озода гардонанд. Дар ин кори муҳим ширкатҳои “Рамис” ва “Химус” ба шумо ёрӣ расонида, рӯзҳои 25, 26, 27-уми март дар Кохи Борбад намудҳои гуногуни маҳсулоти кимиёвии шустушӯиро бо нархи арзон пешкашатон гардонанд.

“Ҳимоя” ба ниёзмандон маслиҳатҳои ҳуқуқӣ медиҳад, ширкати “bima” бошад, молу амволи шуморо суғурта хоҳад кард.

Дар орзуи қолини нав ва яхдону телевизор ҳастед?

Албатта, ҳар як инсон мехоҳад, ки манзилаш зебо, назаррабо ва бароҳат бошад. Мо ба шахсоне, ки дар фикри бо қолинҳои нав зиннат бахшидани кошонаи худ ҳастанд ё мехоҳанд мошинаи ҷомашӯӣ, яхдон, тафдон, телевизор ва дигар асбобҳои зарурии рӯзгорро дастрас намоянд, маслиҳат медиҳем, ки ҳатман ба Кохи Борбад рафта, молҳои ниёзи худро аз ин намоишгоҳ биҷӯянд, зеро ширкатҳои машҳури “Қолинҳои форс” ва “Артел” рӯзҳои 25, 26, 27-уми март молҳои истеҳсолкардаи худро дар ин намоишгоҳ бо нархи яклухт ба харидорон пешкаш менамоянд.

Мехоҳед солим ва зебо бошед?

Ширкатҳои “Евродент” ва Маркази зебоии “Сафия” бошанд, ғами зебоиву солимии шуморо хӯрда, ба мизоҷон намудҳои гуногуни хизматрасониҳои косметикӣ ва солимию зебоиро пешкаш хоҳанд кард, то моҳи шарифи Рамазонро бо дандонҳои мисли садаф дурахшон ва чеҳраи ҷавону пуртаровату дилкаш пешвоз бигиред.

1111-таксӣ дар хизмати шумост!

Аз харид кардан дида, баъзан андешаи чӣ тавр ба манзил расонидани маҳсулоти харидашуда харидоронро бештар ташвиш медиҳад. Агар шумо ҳам дар ғами аз куҷо мошин ёфтан ва чӣ тавр ба хона бурдани маҳсулот бошед, тамоман ташвиш накашед. Ширкати “Як-таксӣ” яке аз иштирокчиёни лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2022” буда, рӯзҳои 25, 26, 27-уми март мошинҳои ин ширкати овозадор дар назди Кохи Борбад дар хизмати муштариён ҳастанд. 1111-таксӣ молу маҳсулоти харидаи шуморо дар як мижа задан ба манзил мерасонад!

Сарпарастони лоиҳа

Ногуфта намонад, ки ширкати “Тайрон”Лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2022“-ро дар ҳамдастӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон баргузор месозад. Сарпарасти кулли лоиҳа Parimatch буда, ширкатҳои “Артел” ва “Сиёма” шарикони лоиҳаи мазкуранд.

“ТВ-Сафина”, “Радиои Ватан”, “Авто-радио”, “Ҳамсадо” ва “Оила” шарикони иттилотии ин лоиҳа мебошанд.

Рӯзҳои 25, 26, 27-уми март мо шуморо дар Кохи Борбад интизорем!

Биёед ва маҳсулоти зарурии худро бо нархҳои дастрас харидорӣ намоед!  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *