Дар Автовокзал мӯйсафеди 75-сола сари занашро аз тан ҷудо кард? Муфассал

 

 Ин овозаи даҳшатангез субҳи 2-юми октябр дар сар то сари шаҳри Душанбе барқсон паҳн гашта, тамоми сокинони пойтахтро ба даҳшат овард.

Мардум лаб газида ба ҳамдигар мегуфтанд: “Шунидед, имшаб дар маҳаллаи Автовокзал як мӯйсафед сари занашро аз танаш ҷудо карда, дар болои шикамаш мондаасту баъд худаш ба идораи милиса рафта ба гуноҳаш иқрор шудааст…”

                                            Бознашр аз «Оила»

Сару садоҳо дар бораи ин куштори ваҳшатбор хеле зиёд буданд. Яке мегуфт, ки мӯйсафед касалии руҳӣ доштааст, дигарӣ тахмин мекард, ки шояд мардак дар пирӣ зани ҷавон гирифта, аз рашк ин корро карда бошад, саввумӣ каму кости рӯзгорро сабаби ин моҷарои хунин медонист….

Барои фаҳмидани асли ҳодиса, мо роҳи кӯчаи Нурулло Ҳувайдуллоеви ноҳияи Синоро пеш гирифтем.

Бобои Мастибек ҷавонҳоро 

танқид мекард, вале…

“Бобои Мастибек ҳамеша ҷавонмардонеро, ки ҳамсарашонро бо ҳар баҳона лату кӯб мекунанд ва дашному ҳақорат медиҳанд, танқид карда мегуфт, ки занро задан мумкин нест. Мӯйсафед зан-модар мисли фаришта аст ва мард бояд ӯро рӯйи даст бардошта гардад мегуфт, аммо дар охири умраш худаш коре кард, ки ба гуфтан забони кас намегардад. Наход, ки бо корд ба гардани кампири бечора занӣ. Қаҳрат омада бошад, ақаллан ба по ё дасташ мезадӣ, ҳам кампир зинда мемонду ҳам ҷони худатро дар азоб намемондӣ…” бо алам гуфт яке аз наздикони мӯйсафеди қотил, ки нахост номашро ифшо намоем.

Вақте бемории руҳӣ доштан ё надоштани мӯйсафедро пурсон шудем, ҳамсуҳбатамон сар ҷунбонда гуфт, ки фишори хунаш тез-тез баланд мешуд ва мудом дору хӯрда мегашт, эҳтимол аз таъсири ҳамон доруҳо бошад, ки вақтҳои охир камтар асабонӣ менамуд. “Чанд бор хоҳиш кардем, ки як бор ба назди ягон духтури равоншинос равад, вале мӯйсафед розӣ нашуд,”-мегӯянд пайвандонаш.

Ягон камбудӣ надоштанд, аммо…

Янгаам бегона не, хеши худамон ва бисёр инсони хуб буд. Акаам аз занаш 14 сол калон бошад ҳам, онҳо ҳамдигарро ҳурмату эҳтиром мекарданд. Ду писари баркамол доранд. Бачаҳояшон дар Русия кор мекунанд. Зиндагии хуб доштанд, дар хонаашон ягон камбудӣ набуд. Намедонам, байнашон чӣ шуду чӣ монд, ки дар сари пирӣ акаам ин корро карда, ҷони зани бегуноҳашро рабуду худашро бадном кард. Вақте моро аз ин ҳодиса хабардор карданд, дар ҷоям шах шудам. На танҳо барои ман, балки барои тамоми хешу таборон ин як ҳодисаи боварнакарданӣ аст. Ҳайронем, ки чаро мӯйсафед ин корро кардааст, охир занаш ягон айб надошт. Раҳматии янгаам занаки худотарс, меҳнатӣ ва хоксору меҳрубон буд. Ба шавҳараш гап гардондан он тараф истад, вақти бо акаам гап задан ҳатто сари хамашро боло намекард,-афсӯс мехӯрад хоҳари қотил.

Доруи сархӯр

Аз гуфтаҳои пайвандони ин хонавода чунин бармеояд, ки қотил Мастибек ном дошта, 75- сола, ҳамсараш Назармоҳ Исматова бошад, зани 61-сола будааст. Марҳум бисёр зани меҳрубону меҳнатӣ буда, ба сифати сарвар-бригадири роҳрӯбҳо кор мекардааст. Ҳамон шаби наҳс мӯйсафед аз кампираш хоҳиш мекунад, ки аз ҷогаҳи хобаш хеста доруи ӯро диҳад, вале бо сабаби сахт монда шудан, зан дар ҷавоб мегӯяд, ки мардак, камтар сабр кунед, як лаҳза ғанаб кунам, баъд соати 2-и шаб хеста, доруи шуморо медиҳаму якбора ба кор меравам. Ин рафтори кампир ғазаби мӯйсафедро меорад ва кордро гирифта, ба гардани занаш мезанад. Ҳамин як зарба кифоя буд, ки зани бечора ин дунёро тарк гуфта, ба хоби абадӣ равад…

Сараш аз тан ҷудо набуд, вале..

Вақте дар мавриди сари занашро аз тан ҷудо кардани мӯйсафед пурсон шудем, ҳам пайвандони қотил ва ҳам хешу табори марҳум бо як овоз гуфтанд, ки ин гап дурӯғ аст. Сараш аз тан ҷудо нашуда буд, вале теғи корд шоҳраги гардани занро бурида, аз ҳамин сабаб ҷон ба ҷонофарин супоридааст…

“Ҳамагӣ 3 см захм буду халос. Ҳамон шаб апаи маита ҳам меҳмонӣ омада, дар ҳамин ҷо будааст. Барои он ки ҳар хел овозаҳо паҳн гашта, боиси кинаву адоват нашаванд, мо дарҳол апаашро дароварда, ҷасадро нишон додем, то ки бо чашмони худаш бинад”,- мегӯянд пайвандони мӯйсафед.

Апаи қотил:

Тақдири талх додарамро дар

айёми пирӣ ба зиндон бурд

-Занаш ҳамеша дар бараш буд ва “мардак, доруҳоятонро хӯред, ки боз фишоратон баланд нашавад” гӯён, ғамхорӣ мекард, аз ҳамин хотир, акаам янгаамро сахт дӯст медошт. Ҳамон рӯзе, ки ин ҳодисаи нангин рӯй дод, додарам маро хабаргирӣ рафта буд. Зорию тавалло кардам, ки одам ба одам ғанимат аст, умри ҳардуямон ҳам ба ҷое расида, офтоби сари куҳ шуда мондаем, як шаб ист, гап-гап карда хоб меравем, лекин “бе янгаат хобам намебарад” гуфта, роҳи хонаашро пеш гирифт. Ман ӯро масхара карда гуфтам, ки пир шудию аз ҳамон занат ҳеҷ сер нашудӣ, додар. Ҳамин хел хандида-хандида, ӯро гусел кардем. Дар гӯшаи хаёламон ҳам набуд, ки чунин ҳодисаи хунин рӯй медиҳад. Соатҳои 4-и саҳар буд, ки телефон шуд ва хабари марги янгаамро расонданд. Боварам намеомад, ки додарам занашро кушта бошад, чунки онҳо дар зиндагӣ мисли ширу қаймоқ бо ҳам қарин буданд. Вақте ки расида омадам, соат аллакай 7 шуда буд. Ҷасадро барои ташхис бурда будаанд, додарам ҳам наменамуд. Аз келин пурсидам, ки чӣ гап шуд? Гуфт, ки очаи калон (келини додарам маро чунин ном мебарад) аз ман напурсед, чунки хоб будам ва чизеро намедонам. Тақдири талхаш додарамро кашон-кашон ба хонааш овард, агар ҳамон шаб дар хонаи ман мемонд, шояд ин ҳодисаи нохуш рӯй намедод ва имрӯз ҳам занаш зинда мебуду ҳам худаш бе бало мегашт. Одамизод аз тақдир ҷойи гурез надоштааст. Умри додарам ба ҷое расидааст ва шояд дар кунҷи маҳбас мурда равад. Маро ба сари суд даъват кунанд ҳам, намеравам. Медонам, ки гуноҳи нобахшиданӣ содир кардааст, одам куштааст, вале чӣ хеле набошад, вай додарам, фарзанди падарам, лахти ҷигарам аст,-мегӯяд бо алам апаи қотил Салима Нозимова.

Зодрӯзи пурхун

Хосият Исматова, хоҳари марҳум дар суҳбат бо мо бо оҳу афсӯс гуфт, ки хоҳари меҳнатиаш дар рӯзи таваллудаш бо дасти шавҳараш кушта шуда, бо дили пурормон ин дунёи бевафоро тарк гуфт.

“Ҳар сол дар рӯзи зодрӯзаш мо, хоҳаронаш ба табрикаш меомадем. Имсол ҳам як рӯз пеш аз зодрӯзаш аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба Душанбе омадам, ки хоҳарамро ба муносибати ба 62 қадам монданаш муборакбод бигӯям, вале зодрӯзи хоҳарам ба мотами ӯ табдил ёфт.

Вақте аз бибии Хосият пурсон шудем, ки оё ҷасади хоҳарашро бо чашми худаш дидааст ё не, сар ҷунбонда гуфт:

-Мардум овоза карданд, ки гӯё шавҳараш сари ӯро аз танаш ҷудо карда, дар болои дилаш мондааст, лекин ин гап дурӯғ аст. Вақти шустани маит ман худам даромада об рехтам. Дар гарданаш фақат як пайи корд буду халос, дигар дар ягон ҷойи баданаш захмро мушоҳида накардам…

ВКД чӣ мегӯяд?

Вазорати Корҳои Дохилии Тоҷикистон дар бораи ин ҳодисаи хунин дар сомонаи расмии хеш иттилоъ дода, навиштааст, ки як сокини 75-солаи ноҳияи Ванҷ, шаби якум ба дуюми октябри соли равон дар кӯчаи Ҳувайдуллоеви шаҳри Душанбе ҳамсари 61-солаашро лату кӯб намуда, ба қисмати чапи гарданаш бо олати халандаю буранда, яъне корд задааст. Пиразан дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, гумонбар ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад…

Маҳинаи Давлат

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *