Дар Қазоқистон беш аз 70 иштирокчии эътирозҳои зиддиҳукуматӣ боздошт шуданд (видео)
Вазорати умури дохилии Қазоқистон хабар дод, ки 57 иштирокчии эътирозҳои зиддиҳукуматиро дар шаҳрҳои Алмато ва Нурсултон боздошт кард.
Ба иттилои манобеъи ғайрирасмӣ, ҳудуди 200 каси дигар дар шаҳри Чимкент, дар марз бо Қирғизистон дастгир шудаанд.
Ба огаҳии вазорат, боздоштшудаҳо «ба даъватҳои иғвогарона дода шуда, нисбат ба маъмурони ҳифзи ҳуқуқ даст ба амалҳои ғайриқонунӣ заданд». Гуфта мешавад, тазоҳургарон муқобилият нишон надоданд.
Пештар Додситонии кулли Қазоқистон ба сокинони ин кишвар ҳушдор дода буд, ки дар ҳамоишҳои эътирозии ба гуфтаи ин ниҳод, «ғайриқонунӣ» иштирок накунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ