Дар Бадахшон 43 нафар аз орд заҳролуд шуданд

Шумораи  ҷабрдидагон аз  ноҳияи Ишкошим, ки дар натиҷаи  истеъмоли орди заҳролудшуда  ба Беморхонаи вилоятии клиникии шаҳри Хоруғ   интиқол ёфта буданд, ба 43 нафар расидааст. Аз онҳо 12 нафарашро кӯдакон ташкил медиҳанд. Дар ин бора  муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода иттилоъ дод.

Ба иттилои М.Камолзода, айни ҳол вазъият ором буда, беморон зери назорати қатъии табибон қарор доранд.

Тавре чанде қабл иттилоъ дода будем,  бори аввал  17 январи соли равон   5 нафар  сокинони ҷамоати  деҳоти Питупи ноҳияи Ишкошими  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон      бо гумони заҳролудшавӣ фавран бистарӣ  шуда буданд.

Аз тарафи   Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  як гурӯҳ  мутахассисон  ба ҷои ҳодиса равон  карда шуданд. Баъд аз ташхисҳо маълум гардид, ки сабаби заҳролуд шудани сокинон гандуме будааст, ки аз ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон    ба ноҳияи Ишкошим оварда шудааст.

Ба иттилои Вазорат, баъд аз  муоина ва ташхиси пурра  аз тарафи  мутахассисони  вилоятиву ҷумҳуриявӣ дар беморони бистаригардида ташхиси «Заҳролудшавӣ бо тухми гелиотроп. Гепатити гелиотропӣ», ки дар таркиби орд ёфт гардид,     муайян карда шуд.

Таҳти ҳамоҳангии мутахассисони сатҳи ҷумҳурӣ аз рӯзи якуми ҳодисаи мазкур дар муддати як ҳафта гурӯҳи корӣ иборат аз мутахассисони соҳавӣ дар ҷамоатҳое, ки сокинонаш гандуми заҳролудгардидаро  харидорӣ кардаанд, аз ҷумла, дар деҳаҳои Питуп, Лангар, Вичкут ва Туғгози  ноҳияи Ишкошим  муоинагардиш  анҷом дода, дар маҷмӯъ    4 ҳазору 440 кг гандуми дорои тухми гелиотроп ва 85 кг орди заҳролудгардидаро бозпас гирифтанд. Ин маҳсулот бо тартиби муқарраргардида  нобуд карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *