Дар Бадахшон Донишгоҳи тиббӣ кушода намешавад

Дар вилояти Бадахшон филиали Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино сохта намешавад.

Маҳмадшоҳ Гулзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино имрӯз, 3-юми феврал ба хабарнигорон гуфт, ки баръакс, дар шаҳри Хоруғ Маркази омодагии қаблии довталабон барои дохил шудан ба муассисаҳои тибби кишвар кушода мешавад.

“Ин марказ барои довталабонест, ки мехоҳанд ба муассисаҳои тибби кишвар дохил шаванд. Ин филиали Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон нест. Ҳадафи таъсиси чунин марказ, пеш аз ҳама омӯзонидани довталабонест, ки воқеан ҳам оянда мехоҳанд табиб шаванд. Зеро имрӯз теъдоди донишҷӯён дар риштаи тиббӣ  аз вилояти Бадахшон хеле кам аст. Бинобар ин,  тасмим гирифтем, ки чунин марказро таъсис дода, сафи донишҷӯёнро дар бахши тиб бештар намоем. Ба довталабон омӯзгорони соҳибтаҷрибаи фанҳои табиӣ-риёзӣ  таълим хоҳанд дод”,-гуфт Маҳмадшоҳ Гулзода.

Гуфта мешавад, ки ин марказ дар шаҳри Хоруғ, дар заминаи коллеҷи тиббии маҳаллӣ боз мешавад. Таҳсил дар марказ 8 моҳ идома ёфта, дониши андӯхта ба хонандагон ҳангоми қабул ва минбаъд дар ҷараёни таҳсил дар муассисаҳои тиббӣ кумак хоҳад кард.

Дар ҳамин маврид Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар суҳбати мустақими хонандагони ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва сомонаи Pressa.tj, ҳафтаи гузашта гуфт, ки дар Бадахшон ва Суғд зарурияти таъсиси Донишкадаи тиббӣ нест.

«Ҳоло дар нақшаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси чунин муассисаҳои олӣ нест. Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ягон супориш нашудааст. Айни замон Донишгоҳи давлатиии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишкадаи давлатии тиббии Хатлон барои омода кардани мутахассисони соҳаи тиб басанда ҳастанд. Танҳо тақсимоти мутахассисонро бояд  дуруст ба роҳ монем»,-таъкид дошт Абдуллозода.

Тафсилоти бештари гуфтугӯи мустақимро бо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар шумораи навбатии ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мутолиа намоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *