Дар Бадахшон лимити барқ ҷорӣ шуд
Сокинони чанд ноҳияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷорӣ шудани маҳдудияти интиқоли барқ ба хонаҳояшон шикоят доранд. Ин дар ҳолест, ки «Барқи тоҷик» ду ҳафта пеш эълон кард, ки «лимит»-ро дар саросари кишвар бекор кард.
Сокинони 5 ноҳияи ВМКБ аз камбуди нерӯи барқ дар шароити сарди зимистон шикоят доранд.
Шоҳфозил Шоҳназиров, роҳбари бахши тавлиди нерӯи барқ дар ширкати «Помир энержӣ» гуфтааст,ки сабаби асосии камбуди барқро ба «фавқуллода кам шудани сатҳи об дар дарёи Ғунд ва сардии ҳаво» мебошад.
«Дар болооби дарёи Ғунд ҳаво то 22 дараҷа сард аст ва зиёд яхсел меояд. Дар Яшилкул 400 миллион метри мукааб об ҳаст ва аз он иҷоза дорем, ки 150-160 миллион метри мукааб об гирем. Яшилкул барои нерӯгоҳҳои мо як обанбор аст, ки барои зимистон захира мекунем. Аммо имсол моҳҳои ҷамъкунии об сард омад ва об захира нашуд. Бо мурури кам шудани оби дарёи Ғунд аз Яшилкул об изофа мекунем. Дар он ҷо ҳам ҳаво то 35 дараҷа сард шудааст. Аз ин рӯ, ба қадри зарурӣ аз он об гирифта натавониста истодаем», — шарҳ додааст Шоҳназиров
Чархаҳои ду нерӯгоҳи бузургтари «Помир энержӣ»-ро маҳз оби рӯди Ғунд ба ҳаракат медарорад.
Ба гуфтаи Шоҳназиров, айни замон нерӯгоҳҳои ширкати «Помир энержӣ», бинобар сардии ҳаво тақрибан бо 80 дарсади иқтидорашон фаъолият доранд. Вай афзуд, ба ҷуз аз шаҳри Хоруғ дар гӯшаҳои дигари вилоят маҳдудият ҷорӣ шудааст ва «мардум вобаста ба шароиту ҷойи зисташон дар шабонарӯз аз 14 то 17 соат барқ мегиранд».
Дар калонтарин ноҳияи Тоҷикистон – Мурғоб ҳам лимити барқ ҷорӣ шудааст, чун ба гуфтаи Шоназиров, оби дарёи Оқсу хеле кам шудааст. Ӯ гуфт, нерӯгоҳи барқи офтобие, ки бо иқтидори 200 мегаватт ахиран фаъол карда шуд, барои бо барқ таъмин кардани сокинон андаке ёрӣ мерасонад: «Рӯзҳои офтобӣ барқи бештар ҳосил мешавад, ба мардум зиёдтар барқ медиҳем, рӯзҳои абрӣ — камтар.»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ