Дар Бангладеш писарбачае бо чеҳраи пирамард таваллуд шудааст
Дар Бангладеш писарбачае ба дунё омад, ки гирифтори бемории нодир аст, ки боиси пиршавии босуръати пӯст мегардад.
Табибон мегӯянд, ки аз чаҳор миллион нафар танҳо як нафар ба прогерия мубтало мешавад, ки аксар вақт боиси рад шудани ҳаёти муқаррарӣ мегардад, зеро бадан хеле зуд пир мешавад.
Кӯдак дорои тамоми аломатҳои беруниест, ки ба одамони калонсол хос аст — чинҳо, пилкҳои овезон, пӯсти фуҷур ва мӯйҳои ғафси бадан. Бо вуҷуди бемории писарбача волидонаш ба далели соҳиби “фарзанди муъҷиза” шуданашон дар осмони ҳафтум ҳастанд.
Падари тифл гуфт, ки барои таваллуди ӯ танҳо Худоро шукр гуфта метавонанд. «Мо ӯро барои он ки ҳаст, қабул мекунем. Мо хеле шодем, ки ҳоло дар хонаи мо писаре ҳаст»,- мегӯянд волидони хушбахт ва ба духтарашон бародар доданд”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ