Дар Бишкек рекорди нави бешбармакро гузоштанианд

Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон 5 март — дар Рӯзи «Ак калпак» ё кулоҳи қирғизӣ ва либоси миллӣ — як тонна бешбармак таҳия мекунанд.

Ба гуфтаи Элнура Кулуева, таъсисдиҳандаи ин чорабинӣ, ғизоҳои миллӣ дар майдони Ала-Тоо омода мешаванд. Таъсисдиҳандагон намояндагони Китоби рекордҳои Гиннесро ба чорабинӣ даъват кардаанд. «Мо онҳоро даъват кардем, ҳоло масъалаи омаданашон баррасӣ мешавад», — гуфт Кулуева.

Вай афзуд, барои баргузории ин чорабинӣ одамони хайрхоҳ ва сокинон кумаки моддӣ мерасонанд. Таҳия кардани ғизо ду рӯзро дар бар мегирад.

Соли 2015 Остона бо таҳия кардани 736,5 кило бешбармак рекорд гузошта буд. Ҳамакнун Бишкек мехоҳад, он рекордро бишканад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *