Дар Боғи фарҳангии Файзобод нимпайкараи Бозор Собир сохта мешавад

Бахши фарҳанги МИҲД-и ноҳияи Файзобод хабар медиҳад, ки соли 2022 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар Боғи фарҳангӣ нимпайкараи Бозор Собир сохта мешавад.

Қаблан дар асоси қарори вакилони халқи ноҳияи Файзобод ва қарори раиси ноҳия Боғи фарҳангии маркази ноҳияи Файзобод ба номи шоири муосири тоҷик Бозор Собир гузошта шуда буд.

— Устод Бозор Собир аз ҷумлаи бузургтарин намояндагони адабиёти муосири тоҷик ба шумор меравад, ки бо сабку услуби ба худ хос ба адабиёт ворид шуда, тавонист ҷойгоҳи хосаеро дар он соҳиб шавад. Ӯ сухани баланд дошта, ҳамеша аз Ватану миллат, худшиносӣ, пос доштани забони модарӣ, арзишҳои миллӣ ва шинохти миллат ҳарф мезад. Номгузории боғи фарҳанг ва гузоштани нимпайкара нишонаи эҳтиром ба шахсияти ин шоири муосири миллати тоҷик мебошад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *