Дар Бохтар 12 корхона фаъолият намекунад
Феълан дар шаҳри Бохтар 12 корхонаи саноатӣ фаъолият намекунад. Масъулин сабабро дар хуб набудани вазъияти молиявии моликони корхонаҳо медонанд.
Афзал Юсуфзода, мудири шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар гуфт, ки давоми соли равон, 12 корхона тамоман фаъолият накардааст. Ӯ афзуд, ки ду корхонаи дигар истеҳсоли маҳсулотро нисбати ҳамин давраи соли гузашта кам кардаанд. Вале ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар боқимонда коргоҳу корхонаҳои саноатӣ нисбати нуҳ моҳи соли гузашта 4 баробар зиёд шудааст.
“Дар маҷмӯъ дар шаҳри Бохтар 59 корхонаи саноатӣ мавҷуд аст. Дар доираи эълон гардидани панҷ соли рушди соҳаи саноат, дар шаҳр бунёди 17 корхонаи гуногуни истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст. Имсол дар се корхона корҳои сохтмонӣ ба охир расида, ба фаъолият оғоз кардаанд. Боқимонда корхонаҳо мувофиқи нақша сохта мешаванд”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ